Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
САНГБОДОМИ
НИГОҲ
(сурати чашм)
НИГОҲИ УСТОД РЎДАКӢ
Нигоҳҳо, нигоҳҳо,
Нигоҳҳо бурида дасту пойи ҳам,
Ҳавои ҳам,
Сарои ҳам.
Равонаанд кў ба кў,
Равонаанд сў ба сў.
Равонаанд дил ба дил,
Равонаанд мў ба мў.
Ақидаҳо, ақидаҳо…
Ақидаҳо гузашта аз вуҷуди ҳам,
Дарида тору пуди ҳам,
Фурўғи ҳам,
Дурўғи ҳам
Равонаанд тў ба тў.
Нигоҳҳо, нигоҳҳо,
Нигоҳҳо зи синаҳо бурун шуда
Даричаҳои дин зада,
Ба ҷин зада,
Ба кинаҳо дарун шуда,
Ба хун шуда
Даруни хун нагун шуда
Равонаанд ҷў ба ҷў…
Ақидаҳо, ақидаҳо…
Ақидаҳо ба гул чи нозҳо шуда,
Ба дил чи розҳо шуда,
Ба касби нури офтоб,
Фитода дури офтоб,
Бурун чу офтоби нав шуда,
Баҳори оби нав шуда.
Ҳарорате дамида дар дили авом,
Бинои нав кашида аз гили авом.
Равонаанд ҷо зада…
Нигоҳҳо, нигоҳҳо,
Нигоҳҳо зи ришҳову тавқҳо баромада,
Ба ёлу дум даромада,
Чи беваҳои нозанин,
Чи наврасони нози дин,
Чи тифлҳои тозатар зи нози рўҳ,
Куфе зада,
Суфе зада,
Пуфе зада,
Туфе зада,
Чу бева вой, во зада,
Ба пеши пойҳо зада,
Равонаанд по зада…
Ақидаҳо, ақидаҳо,
Ақидаҳо раҳе зи нокуҷо зада,
Зи нокуҷо куҷо зада,
Зи ҳеҷ растаи фалак,
Ба ҳеҷ хастаи фалак,
Ба ҳеҷ бастаи фалак,
Ҳама шикастаи фалак,
Шуда чи ҳастаи фалак,
Равонаанд ақидаҳо,
Бувад ки як замон расанд
Ба боғи беақидаӣ…
СЎГВОРИЕ БА ФОҶИАИ МАКТАБИ 1-И ОСЕТИЯ
Аз нутфаи банг соя зоид,
Болои замин аҷузаи дун.
Сармояи банг ҷаҳли мо буд,
Сармояи ҷони соя шуд хун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё