Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз хуни ҷавону наврасу тифл
Ин соя чи нозпарвар омад,
Аз барги гулаш кашида бистар,
Болишт зи нори духтар омад.

Мағзи сари олам аст гўё
Афтода нагун зи сактаи банг.
То ҷони худ аз аҷал раҳонад,
Бо сояи хеш мекунад ҷанг.

Ин соя чунон кашида доман,
Бечора замин дар ў ниҳона.
Дар тиразанӣ даруни зулмат,
Омехта неку бад нишона.

Дар дидаи рўшани Замин низ
Кўрии фалак асаргар омад.
Карданд басе гунаҳ бузургон,
Бечора бало ба хурдакон зад.

Мардӣ, ки ба соя раҳ кашида,
Дар нам-нами соя заҳ кашида.
Аз соянамойи баргузида,
Бо бомба ба тифлакон давида.

Дар соярави баландмоя,
Бин соякаши баландпоя.
Аз ду нафаре, ки рўбарўянд
Кай фарқ кунӣ кадом соя.

Бо сояи ваҳми умри ҷангал,
Имрўз зи рўйи мо канад ҳанг,
Дину дилу ақлу рўҳ рафтанд
Ҷо дода ба макру сояву банг.
Шайтони хаёлзоди одам,
Тарсида ба домани Худо ҷаст,
Бошад, ки панаҳ диҳад Худоро
Аз одаму он чи з-ў фаро ҷаст.

Бас бодзанон зи бод монда,
Чун соякашони дод монда.
Қар-қорзанон чи қориёне,
Бо сояхудо чи шод монда.

Дар соя на дил, на мағз тобад
Не дидаву рўйи ўст рўшан,
Ҷўйӣ ту зи дур сояву лек,
Ногаҳ ҷаҳад ў туро зи доман…

Ё нур шудан ва ё шудан гум,
То бозраҳад зи соя мардум.


Шамоли тирамаҳ шаб парканӣ хест,
Зи мурғони дарахтони заминпо,
Хаёли решаҳо гум мекунад боз,
Забони гуфтугў бо осмонҳо.

Димоғи шишаҳо маҳкам гирифта,
Магар ланги зуком афшурдашон ҷон.
Биларзад пораи нуре таги бед,
Чу тифли рондае аз хона урён.


Ду даҳ сол гузашта,
Чашми дили мо аз ҷигари ҳол гузашта:
Бе қол гузашта,
Бо тир гузашта,
Ба тадбир гузашта,

пешина
аз 186
навбатӣ