Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дўзахшикам фурў зад ҳаққи ятими олам,
Ҷуз ҳайрате наафзуд, афсўс, дар тафаккур
Бо як замин гул омад Наврўз то димоғаш,
Як сабза ку, ки бинам, Наврўз дар тафаккур.
Дили хуштаҳорати ман чӣ намоз мегузорад,
Сари ҷонамози субҳат дили боз мегузорад,
Зи намози шед ёбам, ки ҷаҳон зи нур рўяд,
Гули шустарўи шабнам шаби роз мегузорад.
Чу насими ояти гул ба димоғи боғ печад,
Сари ваҷди рақси рўиш ҳама ноз мегузорад.
Зи намози гул ҷаҳонро доману даҳан шавад пок,
Ба намози нур қомат чӣ фароз мегузорад.
Раҳи дори нур мезад дили тифл синамолон,
Раҳи шавқи шири модар чӣ дароз мегузорад.
Халқе аз инкори Худо рафта пайи кори Худо,
Мо зи ғуломии Худо монда чу инкори Худо.
Илми амал туф задаву хеш куфу суф задаем,
Аз куфу суф пуф шударо баста ба сарбори Худо.
Коҳили сарбори Худо, монда чу похори Худо,
Хори дили ҳам шудаву сўхта дар нори Худо.
Илми амал рост кашад қомати ў то ба фалак,
Беамалӣ кард замин мои фалакдори Худо,
Тири ҷавон мефиканад пири амал пушти ба пушт,
Кўзи дуо тир ба пас з-илми амалёри Худо.
Бин ки шутурмурғи маҳал сар зада дар реги маҳал,
Ваҳдатии халқ занад аз паси худ ҷори Худо.
Чарсу чусури бўсаам бар лабу рўю гарданат,
Оҳи шикасти шохаи шўъла ба гулхани танат.
Бўса қаламча мекунам аз лаби ту ба шонаҳот,
Сўҳбати ишқ гул кунад дар таҳи гўши бе манат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё