Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бастем умед сўи ҳар кас беҳад,
Газвори набударо буридем ба қад,
Дар худ ҳунари Худо таҳи по кардем,
Тақлид гирифтем ба дому даму дад.
Қонуни Худо ба соҳати диди Худост,
Яъне, ки зи зарра то Худо соҳатҳост.
Мо заррасавори соҳати хештанем,
Дар соҳати ў соҳати мо гарди ҳавост.
Аз пой кашад касе, ки дасташ надиҳӣ,
Хурдат шиканад, агар шикасташ надиҳӣ.
Тан бозоре, дили ту – бозори дигар,
Дарёб баҳои худ, ки пасташ надиҳӣ.
Роҳе бикушо, роҳсаворӣ накунӣ,
Дарё бадар о, чоҳсаворӣ накунӣ.
Миррихсавор омада заррасавор
Чунӣ ту, ки ҷуз оҳсаворӣ накунӣ?!
Таърих назад гом ба таъхири дурўғ,
Қурони ҷаҳон махон ба тафсири дурўғ.
Ту рост нишонаи дурўғӣ ба ҷаҳон,
То чанд занӣ ба сўи ў тири дурўғ.
Дар ҷунбиши пашша чун назарҳост туро,
Пойдост зи заъфи ман хабарҳост туро.
Шарм аст зи фарзанди бадам бо ҳама заъф,
Аз бандаи бад ҳеҷ ҳаё хост туро?
Ғам чист чу дар сар хуми андеша ба пост,
Андеша бувад, ки решаи пешакушост.
Ғам реша ба чоҳи зулмати шайтон бурд,
Андеша зи шодии худо нуррабост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё