Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
ДУБАЙТИҲО
Даруне дорам аз оҳанги дил пур,
Нигоҳе аз ҳавои ранги дил пур.
Вуҷуде бингарӣ чун пуштаи сабз,
Дарунаш таҳ ба таҳ аз санги дил пур.
Чи шоирҳо, ки хонпайванди халқанд,
Куҷо бинӣ, ки ҷонпайванди халқанд.
Чи бисёре шикампайванд бо халқ,
Чи кампайдо равонпайванди халқанд.
Дилам ларзид аз ҷўши нигоҳат,
Ки ҳуши ҳуш беҳуши нигоҳат.
Нигоҳам бо нигоҳат гўша гирад,
Ки гўяд рози дил гўши нигоҳат.
Нигоҳам дар нигоҳат фол дида,
Ки меҳмон ояд аз боло хамида.
Дилам шуд рўи роҳи ту чаманхез,
Ки оӣ раҳ ба раҳ гул чида-чида.
Нигоҳат аз нигоҳам мегурезад,
Чӣ оҳуе ба моҳам мегурезад.
Сари роҳат нигоҳам монда ҳайрон,
Чи сон оям, ки роҳам мегурезад.
Чӣ қудратҳо, ки пўсад дар ҷавонҳо,
Нав орад, мешавад боли замонҳо.
Чу аждар варна хоҳад хўрд ин зўр,
Ҷавонҳову замонҳову маконҳо.
Чу зоҳид ишқи дунё бод гирам,
Чу бангӣ талхи умрам шод гирам.
Худойи хешзойи дил наёбам,
Ман андар гўри дил афтода мирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё