Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нимашабҳо бонги кўдак дар ҳаво,
Хур-хури модар нишонгири само.
Арраи дандони шавҳар дастхой,
Кундае афтода зан болои ҷой
Дўсти ман мешавад бедорхоб,
Мекунад занро ба по1 ҳушёрхоб...
Лек боре ҷони ў омад ба лаб
Оташи ҷавволае шуд аз ғазаб:
Ними шаб к-аз меҳмонӣ ворасид,
Рўи суфа «меҳмон»-и тоза дид,
Мисли мў печида дар худ зор-зор
Гиря дорад пеши модар ширхор,
Сагчаи вомондаи сад кўю дар,
Дар ялоқи худ надида хушку тар,
Хуфта пеши модари ў гарму нарм
Мемакад пистони ўро гарм-гарм...
Мушт бар пешонаи худ кўфт мард,
Ҳамсарашро пеши пои хеш кард.
Мард сўи зан лагад меафканад,
Сагча сўи мард ав-ав мекунад,
Ҳар кадар по афканад марди таҷанг,
Он қадар саг мезанад бар пош чанг...
Тифлро бигрифту мард аз хона рафт,
Аз диёри хеш бар бегона рафт...
Вой аз моми гаронҷони Ватан,
Дар лаби бегона пистони Ватан.
Нестӣ ту тифлаки нозам, Ватан,
Дар бағал андозаму тозам, Ватан!
Ин ватандорони танбедори ту
Маърифатхобанду фанбедори ту...
То ватандорон ба ҷоҳ овораанд,
Дар сиёсат кўдаки гаҳвораанд...

1 Яъне лагад зада

пешина
аз 186
навбатӣ