Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва давлатҳои кўчакро
Паёпай чун кучукҳо бо ҳам ангезад...
(Навола ҳар қадар хурд аст,
Бувад балъиданаш ҳам он қадар осон!..)

Шабу рўзе, ки мебинам,
Ду путки панҷаи оҳангари вақт аст,
Ки бо навбат фурояд рўи ин шамшер,
Барои обу тобаш мерасад хун сўи ин шамшер,
Мабодо соати пайкори дунёсўз
Бирезад обрўи ҷаҳл аз оби рўи ин шамшер!
Замину зиндагонӣ зинда монад боз,
Ба сўзу бо алам таърих хонад боз.

Дилам сўзад барои ҳикмати тоҷику ҳинду зор,
Ки олам то ба одам боз карда синаи сабзаш.
Ба дунё чун насими навбаҳорон рўй меорад,
Дилашро менавозад гарм,
Вале дунёкушон аз боби ин ҳикмат
Ба ҷўи хештан ҳам мекашонанд оби ин ҳикмат.

Дилам хоҳад, ки ҳар пора замин имрўз
Диле гардад, дили гарми ҳакими Ҳинд,
Ва ҳикмат рўяд аз ҳар пораи ин хоку орад бор
Ба монанди ниҳоли себу ноку нор,
Ки одамҳо хўранду таъми ҳикматро
На бо дандони дониш,
Бо даҳону бо шикам фаҳманд,
Ки чашмони сиёсатбозҳое гушнааст имрўз аз ҳар рўз,
Ва чашми мардумоне низ...

Шавад имрўз панду ҳикмати дунё либоси нағз,
Шавад мошинаву мансаб
Ва ё дарёи зар гардад, ки пеши дидаҳо ҷорист...
Дигар он рўз бинӣ гармии бозори ҳикматро,

пешина
аз 186
навбатӣ