Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тирамаҳ барги ҷаҳонро ба сари дор гирифт,
Ба парешонзадагӣ кор гирифт,
Тухмаро ёр гирифт.

В-он маҳи тўдакаши кавкабҳо,
Соябозе ба ҳарими шабҳо,
Пунбаи оҳи заминро на чу як ҳола шинохт,
Хирмани хола шинохт.
Баҳри кампири зимистон
Ҳама шаб бофт кафан.

Ларз-ларзон
Гаҳ ба зону задаву гоҳ ба пушт,
Ҳарфи барфаш зи даҳан афтода,
Гўшаи докаи оҳаш
Печи пояш хўрда,
Ба сари пушта зимистон бирасид,
Рўи тухма бифитод,
Рўи тухма ҷон дод,
Чӣ кунад бечора
Саратони хун буд,
Аз даво берун буд.
Ба сари тухма вуҷудаш пўсид...
Зери пўсидаи андоми зимистони хунук
Пайи як хандаи сурхи ҷигарии озод
Тухма ҷон мепоид,
Балки ҷон мезоид.
Тухмае буд, ки аз пушти гул аст
На ки аз мушти гил аст.
Мағз-мағзаш бўи ребосӣ дошт.
На ки аббосӣ дошт.
Пайи н-озурдани ҷон,
Бегуноҳӣ рўид...


То чашм кушод лолаву олам дид,
Озодии абр диду боду хуршед
Дарёфт, ки ҷонфидоии озодист,
Рўидани беғараз ба дунёи умед.


Бе Рост Дурўғ чокарат буд,
Ҳон, Рост кунун ба хидмати туст.
Дар ҳайрати Меҳр ишқи Ноҳид
В-ин обу наботу зан кати туст.
Чун моҳии тоба метапад бод,
Войу бадар о, ки соати туст.
Омези Варахран асту Арта,
То нур кашида шаҳвати туст.
Динзоии ту на баҳри бод аст,
Худзоии беишорати туст.
Ҷамшед ба лоладўзии дил,
Зартушт ба фарри фитрати туст.


Кўҳи танаш зад алвон аз лолаҳои бўса,
Сарҳуйии лабам бин дар ёлаҳои бўса.
Гулчини лоладаст аст, чун хуни лола маст аст,
Бехуд давад зи пушти қинғолаҳои бўса.
Аз шарми бўсаи сабз сурхида то баногўш,
То зову ҷар парида ҳамсолаҳои бўса.
Доманкашон зи пушти лаб дашти домане хест,
Аз баҳри маҳри бўса чун холаҳои бўса.
Теғи тағои абрўш болонишину камҷўш,
Теғи ваколаташ каҷ то колаҳои бўса.
Табларзаи ҳавасҳош овард сўи ҳазён,
Доруи табшикан шуд табхолаҳои бўса.

пешина
аз 186
навбатӣ