Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ба зўрон хамхўр аз қонуни ҷангал!»
Яке қонун жаконханди нагун зад,
Ба ҷисму ҷони дил заҳри дарун зад.
Ки: – «Эй сода, нигоҳат нур бурда,
Чу аз хас оташ аз ту нур хўрда!
Чӣ ронӣ фарқ аз инсони аввал?!
Ҳанўз ў зинда бо қонуни ҷангал!!
Зи озодии ҷангал ёдат ояд,
Чӣ оҳе сабз аз бунёдат ояд!
Ба коми хеш «созӣ» ҷумла олам,
Чу олам ком гирад, гирадат ғам,
Таҷовузро зи нав гирад хуморат,
Бихезад инқилоби нав чу дорат.
Туро чашме ба ман, чашме ба дин аст,
Вале дастат ба пое нозанин аст!
Чу рони нозанинҳоӣ ба ларза.
Миёни куфру динҳоӣ ба ларза!
Бисозӣ дину пўши чун калўшаш,
Ба гўши мардум овезӣ чу гўшаш.
Кашӣ инсўву онсўҳо биронӣ,
Ба хони хуни ҳамдигар бихонӣ!
На танҳо ман, Худо созӣ ба хўят,
Нигаҳ пўшӣ, чу ояд рў ба рўят!»
– «Гузаштӣ аз ҳад, эй Қонун, гузаштӣ,
Таҷовуз мекунӣ моро ба зиштӣ!
Ба чашми халқ расво мекашиям,
Ба шаттоҳӣ куҷоҳо мекашиям?!
Ки инак, бо Худо ҳам даст бурдӣ,
Чу мову худ Худоро паст бурдӣ!»
– Бале, ман бо худоят меситезам,
Худои худрубоят меситезам!
Вале на бо Худое, ки дар ин хок,
На ту ёбӣ, на ман ёбам ба идрок!
Ба он сўйе, ки нашносӣ, чӣ пўйӣ?!
Ба ман аз ношиноси худ чӣ гўӣ?!»
– Гузаштӣ аз ҳад, эй Қонун гузаштӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё