Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ту мағзи сар ба мағзи ман маёмез!
Балохез аст мағзи сар, балохез,
Ту оташ бин, ки гирад аз куҷо хез!
– Бигў, ки ман миёни ду балоям?!
Миёни дўзаху ҷаннат халоям?!
– На ў дўзах, на ман фирдавс, эй дўст,
Туро ҳам дўзахе дигар канад пўст!
Ту медонӣ, ба нодонӣ чӣ гирӣ,
Ки худ ришватситони он вазирӣ!
– Вазири Нафс? Оре, мешиносам,
Зи бонги тўпаш, алҳақ, ҷонҳаросам!
Чӣ тарроре, чӣ бангиест бехун,
Ки чун сулфад, биларзӣ мисли Қонун!
Таҷовузҳои ўро ку ниқобе,
Ки бо ишқи ту ҳам ёбад ҳисобе!
Ҳам ў ангехт дар Сар шавқи бамба,
Чу Сар орост, пушташ монд тамба!..

– Чи ғингас мезанед ин ҷо магасвор,
Кӣ бе ман дид умри якнафасвор?!
Чи дилҳо мирад аз ғамҳо, накўшам,
Чӣ Қонуну чи Дин мирад, наҷўшам!
Худовандо! Ба дўши ман чӣ бор аст,
Ки беодам
Маро дўзах баҳор аст!
Ҳама бо ман нафасдори ҳаётанд,
Маро, аммо, қафасдори ҳаётанд!
Зи гавҳар сўйи хас ҳам мезанад гап,
Чу навбат мерасад моро, ҳама хап!
Чи дашноме занандам аз пасу пеш
Кӣ медонад ғаразҳои маро хеш!?
Бихезед аз назар!
Гар ман бихезам,
Ҷаҳони обу гил дар ҳам бубезам!
Тафаккур монда ҳамкори таассуб,
Ба гардан ҳалқаи дори таассуб.

пешина
аз 186
навбатӣ