Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Тамошо кардиву хандидӣ,
Ки бо гиёҳ дарди ҷаҳли ҷаҳон даво нашавад...
То шиносӣ қадри ҷони хеш,
Дини «Наёзурдани ҷон» зоидам.
Кофирам хондӣ.
Гуфтам: Ойинаи нури осмонӣ!
Ойина ба зону задӣ,
Ва пеши ойинаи зулмат чеҳраи ту зону зад.
Зардушт Худоро нур дида,
Ва туро ба нур хўи тоза дода буд.
Аз нур Шайтон сохтани дини сомӣ коре сода набуд,
Туро Шайтон сохтан буд ба чашми ҷаҳон,
Ва тафаккури туро бар гавҳари ту вожун нишондан.
Нашинохтӣ.
Ва аз биҳишти даруни худ
Нури худро дар қолаби Шайтон бирондӣ.
Агар Шайтон аз нури офаридаи ту набуд,
Чаро биҳишт бозгашти нуронии туро мехоҳад?!
Чӣ динҳое
Ки бо таҷовуз ба дини дигар
Ба худ роҳи тоза чиданд.
Ва дар бунбасти паскўчаҳои торики хеш
Аз дини нав таҷовузи кўҳна диданд.
(Дар ин ду ҳазор сол
Чаро касе намепурсад, ки ба чӣ рамз
Ибрӣ Худоро бангӣ ё авбош сохт
Ва ба таҷовузи Марям хонд?)
Таҷовузи хун аз таҷовузи дин оғоз мегирад
Ё таҷовузи дин аз таҷовузи нур?
Хун барои дин,
Дин барои хун ойинаи ҳайрат мондаанд,
Ва сархади дину хун барои тафаккур...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё