Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Чун ақл афканад тарҳ ишқаш кашад сари дўш,
Аз ишқи нолаҷуръат мову шумо чӣ бурдем?
Дарёи нури қудрат ҷорӣ ба бозўйи халқ,
З-ин қудрати ба нусрат мову шумо чӣ бурдем?
Аз нури нусрати ў дунё шавад чароғон,
Бар халқ ғайри зулмат мову шумо чӣ бурдем?
Маҳрамтар аз табиат ку ёри ғор бо халқ,
З-ин ваҳдати баҳикмат мову шумо чӣ бурдем?
Бо лутфи «Кайкак»-и1 худ тафсири ҳамдилӣ дод.
Дар ҷони дилбаҳасрат мову шумо чӣ бурдем?
Майдони сина аз мо, дил-муши гурбаи дур,
Аз хештан ба ғурбат мову шумо чӣ бурдем?
Тарсида ин зи оне бар саввумӣ хурўшид,
Дар худ фиканда даҳшат мову шумо чӣ бурдем?
Чун гушна монд душман, омад ба ғорати мо,
Худро намуда ғорат мову шумо чӣ бурдем?
Ин мурдае сақатгўй, он мурдае сифатхон,
Помоли ҳарду қисмат мову шумо чӣ бурдем?
Ҳар ҷо ки мағзи хуш дид кофар бихонду барчид,
Аз тўдаи ҷаҳолат мову шумо чӣ бурдем?
Бар лаб баҳонаи куфр чиданд мағзи олам,
Аз ҳилазои офат мову шумо чӣ бурдем?
Аз фарқи сарманора сад куфрхон азон гуфт,
З-ин машъали ҳақорат мову шумо чӣ бурдем?
Ўе чу шоҳмиллат по зад ба рўйи милал,
З-ин заҳри ҷумла миллат мову шумо чӣ бурдем?
Ҷосусу мағзчинӣ, моему маҳбаси ҳис,
З-ин мағзчин ба ҳилат мову шумо чӣ бурдем?
Ин куфрхони Сино, ў Ҷордано Бруно,
З-ин мағзтози давлат мову шумо чӣ бурдем?
Ҷамъи масеҳиёнро зад шоха-шоха бо ҳам,
З-ин миллати ба иллат мову шумо чӣ бурдем?
Суннӣ ба шиӣ ангехт, зад шиӣ сўйи суннӣ,
Дар ҷоҳилӣ ба сабқат мову шумо чӣ бурдем?
Сад фитна зода ҳар дам мегўяд аз лаби мо
Аз мурдани ба тўҳмат мову шумо чӣ бурдем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё