Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман намедонам кадомеро шуд обашхўр чиҳо
Он замон ки бахш мекардӣ ба дилҳо субҳро.


Агар хомўш монад синаат рўзе,
Бимирад оташи шарён агар ногоҳ,
Равад аз ёди дастат паркушоиҳо,
Садоят бигсалад андар миёни роҳ,

Гули ман, бо лабони нимво мехоб,
Ки бўсам бори охир аз лабони ту.
Лабамро мўҳр монда бўсаи сардоб,
Гуселонад маро аз зиндагӣ он сў.

Тани чун хўшаи афтодаат дар бар,
Бимирам аз лаби сарди ту бўсида.
Зиёҷў мирам аз чашми зиёчида.

Зи дунё бигзарем оғўш дар оғўш,
Ба лабҳо бўсаҳои нўши андар нўш.
Ва умри бўсапайванди абад ёбем.


Сахт чун гандуму мисоли дарахт,
Як замон будаӣ ба ёди Замин.
Вазни ту вазни хўшаи ангур,
Сар-сари шоху меваи заррин.

Ба ҷаҳон нури нарм ато бикунанд,
Чашмҳоят-тирезаҳои булур.
Аз гили Чили тарҳи ту задаанд,
Баданат ранг дода бар оҷур.

Ку саботе ба гарму сарди ҷаҳон,
Гузарад ҷумлагӣ ба зарби замон.
Норасида ба вақт реза шавад.

пешина
аз 186
навбатӣ