Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ба пешонии Яздон бехато зад:
Ба зебоии ту дидан зино гуфт,
Хаёле бо ту варзидан зино гуфт.
«– Ду чашми сар барои пеши по,»-гуфт,
«Нигоҳи дил ба зебойи Худо» – гуфт.
Валекин чашми шамшери зиномард,
Зи дил то ишқи зебоям зино кард.
Зи зебойии рўиш дида бастам,
Нигаҳ барчидам аз зебойи болиш.
Ҷаҳон дар баҳси ҳуснат баста буд гул,
Ҳама хушкид аз оби чашми нолиш…
Чу дид ў рўйи зебо рўсабӣ гуфт,
Бигирад то таҳи по рўҳи зебо.
Чу селе, хашми омӣ зад ба гулзор,
Шукуфт ў, ки бубин зебойи дарё.
Ба танбозе, ки бозад бо тани хеш
Ҳама чун оташи дўзах битозанд,
Валекин рўсабии рўҳи мардум,
Чу гул бар сар гузоранду бинозанд.
Агар танбоз як, сад рўҳбоз аст
Чи сармасте зи хуни масти мардум.
Чи муллое, адибе, шўҳранозе
Зинобози ҷаҳони ҳасти мардум.
Зинои рўҳ оби ҳусн хун кард,
Вуҷуди ишқи зеборо ҳавас хўрд.
Ба ҷўйи панҷаам оби ҳунар сўхт,
Гули андешаам дар шоха пажмурд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё