Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба рўҳи шоди дўстам Сафар Маҳмуд

Ҷигару шушу димоғ,
Даҳану дасту гулў
Гарчи бисёр басе,
Ҳама бар бўйи касе,
Ба ҳавойи нафасе.

Ҳама гўянд: – Агар ў будӣ,
Ватани мо
Рашки барги нигаҳи ҷаннати минў будӣ.
Лек, афсўс, ки барвақт бимурд.

Ҷойи «ў»
Ё «фалон»
Ё ки «фалонӣ» будӣ
Мулки мо буд биҳиште лобуд.
Лек он «пушт» надошт,
Ин «пули кишт» надошт…
Ҳама бар бўйи касе.
Гўиё батни зананд,
Ки чу оташзада дар ташнагии нутфаи марданд ҳама
На сари зодани шодӣ,
Пайи обастани дарданд ҳама…
Аз дили зиндагии зинда чи дур,
Ба дили зиндагии мурда чи наздик.
Аз дили ростии зиндатар аз зиндаи нур,
Чи дур
Ба дурўғе, ки сияҳмурда фитад зинда ба гўр,
Чи қарин…
Ҳама бар бўйи касе
Ба ҳавойи нафасе…
ТАБИАТЗОДА
Замини мо ҳар он чи зоду зояд
Ба хўйи одамӣ шоисту шояд.
Якеро хўйи гул додасту бўяш,
Якеро хўйи хору гуфтугўяш.
Яке садбаргу дигар анҷибар шуд.
Тароватро ба хона мушки тар шуд.
Яке исфанду дигар зираворе,
Ба ҷони дардҳое чираворе,
Яке хурмо, яке себу яке нок,
Яке писта, яке обу яке ток,
Яке бодому дигар чормағз аст,
Барои мағзи сарҳо хубу нағз аст.
Фалоне чун пиёзу он қаланфур,
Якеро бин анору в-он чу ангур.
Якеро бодиринги тоза дарёб,
Якеро таррае сар сўйи маҳтоб.
Фалоне зардпечак, он гули шом,
Аз ин дар печутобӣ, з-он сари бом.
Авоми сабза бепиндор аён аст,
Чариданро ба ину он ҳамон аст,
Яке лаълу яке тилло, яке мис,
Фаросат мебарад бў аз дари ҳис,
Яке омад намак, дигар атом аст,
Зарурат ҷумларо дар ҷо тамом аст.
Ба чашми ҷузъ чун бинӣ ҷудоянд,
Ба кул ҳар як яке кайҳонсароянд.
Ҳама яклухт як ҷисманду як ҷон,
На як зарра ҷудо аз ину аз он…

ТАРСИ САҒИРАСОЗ

Чун ба тарси хеш зиндонӣ шудам,
Зиндагиро чашми ҳайроне шудам:
Чашми тарсам кард вожун зиндагӣ,

пешина
аз 186
навбатӣ