Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Чи болояст қадди нахли зебоӣ
Ки танҳо мерасад дасти расои бозгўйи чашм,
Чи ширин аст бори нахли зебоӣ
Ки чун гирад ба лабҳо мепарад андар гулўйи чашм.
Ҳамон рўзе ки нахли мевадореро биафшонанд
Чи тифлони тиҳипое
Зи шохи кўча зери нахл меборанд,
Наафтад бар замин то меваи ширин
Ба ғавғо домани худ боз медоранд;
Чу дасти савти зебое биларзонад ниҳолатро
Нигоҳи ман чу тифлон домани худ боз медорад:
Мабод аз нахли гардундори зебоӣ
Биафтад бар заминҳо бори зебоӣ...
Эй мардуми чун дили чакида,
Бечора зи тарси осмонҳо,
Дар дасти хазон расида себам
Бар ман бичакед бегумонҳо.
Бар хок чакидаед бисёр,
Хуршед надида хок хўрдед,
Хуршед магар батар зи хок аст
Аз нур ба гўр дил супурдед?
Шинед ба барги зардам урён,
Чун сояи чашми офтоб аст,
Он беҳ ки ба нуратон кунам гўр
Дар хок ҷасад чӣ беҳисоб аст...
Нилуфари субҳи навшукуфта
Болои заҳоби тираи шаб.
Шаҳрест чу баҳри табгирифта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё