Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Хидматам бо хидмати ў кун қиёс, Фарқи танро дар қиёси ҷон шинос:
Ман, ки будам тифли шўхи тозаҷон, Ў ҳам андар хидмати ман буд давон, Медавиду буд ларзон ҷони ў, Аз ғами ман дар тани ларзони ў, Медавиду «ё раб»-аш буд дар забон Ки наафтам дар даводав ногаҳон.
Гар ба поям ногаҳон хоре занад Неш, гўӣ, дар дилаш море занад.
Ман ки ҳоло аз пайи ў медавам, Аз Худо ўро дуоҷў мешавам:
-«Бор Илоҳо, ҷони ў бистон, ки зуд Вораҳад аз меҳнати ўям вуҷуд...
Меканам ҷон гар барои ҷони ў, Ку ба ҷонам ларзаҳои ҷони ў?!»
Аз ҷавоби ў Умар дар худ хазид Шарми виҷдон дар вуҷудаш медавид:
-Аз араб ин сў чи дин меоварам, Бояд аз ин ҷо арабро дин барам.
БА ЗОДРЎЗИ ХУДАМ
Шиори «бихару бифрўш!»
Атласи муҳаббатро
Аз дўкони чашму дил
Ва бозори даҳанҳо
Фарочид
Мағозаи «Ҷавоҳироти сина»-ро дузд зад,
Муҳаббат гирифтори бўҳрони шадид шуд.
Дўкони чашму дил
Ва бозори даҳанҳо
Аз алвони арзони кина ва ҳила пур шуд,
Ниҳоли қомат борвари дашном гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё