Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳарду олам бо туи тоҷи сараш…
Ман туро нашнохтам, аммо,
Як сухан аз чашми ту гуфтам,
Ту худро мешиносӣ?
Туйи як содатар аз нур,
Мани як содатар аз ишқ,
Туйи хушбодатар аз нур,
Мани хушбодатар аз ишқ,
Чи раҳгум андаруни нур,
Чи раҳгум андаруни ишқ.
Нагунӣ ту ба хуни нур,
Нагунам ман ба хуни ишқ.
Сапеда дар дили шабҳо
Ба дидори ту меояд.
Худо ҳам бо забони ў
Ба гуфтори ту меояд.
Зи нерўи дили субҳат
Замину осмон гардон,
Ба пойи каъбаи ишқам
Ба зону мезанад Кайҳон.
Куҷо ту меравӣ аз ман,
Куҷо ман меравам аз ту.
Ки ту ман мешавӣ дар худ,
Ки ман ту мешавам аз ту.
Саҳар, ки рў ба кор шудам
Моҳии табассуми кўдакам
Ба дарёи хотираам меҷахад.
Моҳии хотираам
Раҳ ба раҳ
Моҳии табассуми кўдакони боғчарав,
Ва мактабравро
Аз пайи худ мехонад
Ва пеши чашмам кўчаҳо дарё мешаванд.
Дарахтҳо обсабз.
Покии обии кўчаҳо ба сўи осмон
Мавҷ мезанад,
Ва ман ҳам мешавам моҳӣ …
Аз дилам мегузарад
Кош одамон ҳар бор
Аз дидани моҳии табассуми кўдакон
Ба бегуноҳии чиҳилрўза расанд,
Чунон ки зи хўрдани моҳӣ.
Ман аз бегуноҳии чиҳилрўза
Ба корхона меоям,
Чун ба дарёхонаи моҳӣ…
Кўдакӣ барг-барги ҷонамро
Бо дарахтони сабзбў хў дод.
Бо дуову дуруди сабзанда,
Сабз рўёндаандам аз бунёд.
Хўй кардам дуруди сабздиҳӣ,
Ҳар касе дод ҳам саломи сиёҳ;
Шоха-шоха кашида бе ман низ,
Реша дар душмани худ аст гуноҳ.
Панҷаи сабзи меҳри худ бурдам,
Ба сари силазори сабзи фалак.
Сар ниҳода ба синаи дили ман,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё