Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй ту иди Ҷамшедӣ чашми ҷоми мо хандон,
В-эй баҳори Зартуштӣ Яшти иди мо бархон.


Ин омадане зи дуру ин рафтани дур,
Як лаҳза чароғдории кўчаи кўр.


Гулро менигарам:
– Замин дар ҷавонӣ Чӣ андешаи зебои хушбў дорад.
Меваи тирамоҳ мегазам:
– Замин ба чӣ андешаи ширини давлати пирӣ расида.
Ғизои андешаи замин шудан Дар андешаам ширин гул мекунад.


Ҳақиқат аз рўидан хаста нашуд
Дурўғ аз давидан.


Андеша аз офаридан боз намонд,
Дини заиф аз шаттоҳӣ
Виҷдони ношинохта аз оворагӣ.


Ҷанги дигарон фабрикаву тоза фунун зод,
Моро даҳани фабрикахўр рехт зи майдон.


Сари бозори сиёсат лаби ором маҷў,
Нони дандоншикани ин дукон умре гарм аст.


Ҷумъабозори сиёсат лату лут пур дорад,
Ранг молида ба ғавғои куҳан нав бизанад.


Байзаи ғурбат тавон бо як фишори дил шикаст,
Ҳукми шоҳи Ақл кам аз сарвазири Нафс нест.


Шикасти шишаи дил куҷо шунавад, ки намешунавад,
Шикасти яхзадаи булури нигоҳ дар таҳи пош.


Афгонаҳои батни шеъри бузургворон
Чун тифли комили худ то кай ба дўш дорем?!


Бозори ашк на дузд дорад, на харидор
Ин ҷиғда фаршшўиро кор наёмад...


Гургон бифизоянд, сагон гург бароянд,
Афзуд чу саг, гург сари кўҳ бигирад.


Андешаи замин зи минбари гул пар кушодааст,
Мардум зи чашму гўш, ў зи нафас дар кушодааст.


Нур дар зулмат бубину зулмат андар нур бин,
Кашфи асрори ҷаҳонро инчунин манзур бин.


Бо маҳалбозӣ маҳалро хўрдаанд,
Ин табибон бин касалро хўрдаанд.


пешина
аз 186
навбатӣ