Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сўхт сари кодакаш абрўи барф.
Шеди кулаҳсубҳи арўсихумор,
Шўхии субҳина ба гесўи барф.
Барфи рухат лола зад аз бўсаам
Кабки ҳавас теғ задам рўи барф.
Барфи тани ту бағалам об кард,
Об шудан гарчи бувад хўи барф.


Ёд кардам офтоби хешро,
Осмонпаймо китоби хешро.
Нурҷўву нурхўву нурбў,
Нуртобу нурёби хешро,
Ҷоми чашми ошиқон дарёкаш аст,
Рез оби ҳусни ноби хешро.
Аз гулўи чашми дил оташ парад,
Ишқ оташ зад сароби хешро,
Дег бар чакдони чашми ман ниҳад,
Шаб пазад субҳи шароби хешро.


Эй кони баҳори ҷумлаву ҷони баҳор,
То ҳусни ту дид сўхт имони баҳор.
Бе дини баҳор зиндагӣ бутбозист
Буддоии ишқи ту мусалмони баҳор.
Бар домани ту намози марг аст ҳаром,
Эй ҷойнамози субҳи Қурони баҳор.
Гуфтем азони бомдодӣ бўса,
Афтед ба саҷда рўи домони баҳор.
Бо рўзаи ишқ бемадор аст ҳаёт,
Ифтори хабар баред бар хони баҳор.
Бе оташи мубадам хунук зад дилро,
Барфе бишакед аз зимистони баҳор.
Рўи раҳи Ҷоми Ҷам ба дарди чашмам
Шўед магар ба шири пистони баҳор.

пешина
аз 186
навбатӣ