Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

МЕҲРАТ НА ОРАЗИСТ, КИ
ҶОИ ДИГАР РАВАД

Ва як паёми хуше! Ин ҳама «аввалинҳо»-ро ҳадаф яктост. Ман мехоҳам бо ин ихлосномаи камтарину кўчаки худ аз Латофати азиз ва аз худам иҷозат бипурсам, то барои аввалинбору ҳамеша бигўям: ЛАТОФАТИ МАН!
Вақте муаллимаи азизам то ин ҳад ба зиндагии ман, хешу пайвандону фарзандони ман, эҷоди ман ва ҷаҳоншиносии ман рабт дорад, ба рўҳам, ба ҷонам ва бар тапишҳои дилам ошност, ҳақ дорам, ки варо Латофати ман садо кунам. Ман боре ҳам нашунидам, ки муаллима маро шогирд хитоб карда бошанд, ҳамеша ФАРЗАНДИ МАН мегўяд. Ва ҳар гоҳ насиҳате, иршодномае гўяд, бо хитобвожаи «Бачам…»
оғоз мекунад. Пас, ман ҳамчун фарзанд метавонам ин бонуи азизтарини рўзгорамро «Латофати ман, МОДАРИ МАН!»
хитоб кунам. Бигзор, ин номаи фарзандаш дар остонаи ҳафтодумин баҳори умр санади фарзандхондагӣ не, балки фарзандии ман бошад!
Ҳамин рўз аввалин бор мақолаи тасдиқшудаи «Модар яктост»-ро инкор мекунам ва мегўям, ки модари ман ду зани фарҳехтаву фарҳангӣ аст. Яке модари ранҷкашу дилороям, ки маро ба дунё овард ва ҳоло дар деҳа гоҳ-гаҳ маро дар оинаи нилгун дида, байни ҳамсоязанҳо ва ба қавли худаш пеши дута дўсту душман фахр мекунад ва дигаре модари бахшандаву хушному хушоинам Латофат, ки ба Бузургмеҳр шеваи бомеҳр, боишқ ва бо шеър зистанро омўхт.
Ва дар ниҳоят ёддоште: ин ҳамаро дар кўтоҳтарин фурсат иншо кардаам.
Чун ин бемории ҳамагир ва баъзе ташвишҳои рўзгор нақшаҳоро барбод додаву шитоби пойи қаламро суст карда буданд. Ба ҳар ҳол, бад-ин ҷо расидам ва дар андеша фурў рафтам. Чӣ тур нуқта гузорам? Не, нуқта намегузорам. Ба додам аломати се нуқта (…) мерасаду матлаи зебои ғазали Хоҷа Ҳофиз. Яъне ин ҳанўз тулўъ аст, меҳру муҳаббат ва улфати банда бо муаллимаи азизам Латофат бардавом бод:
Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар равад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар равад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам,
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар равад…

пешина
аз 29