Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳарчанд дар барномаҳои дарсӣ омўзиши мавзўъҳои арўз, назму наср, жанрҳо… пешбинӣ шудааст, аммо онҳо аз ин мавзўъҳои муҳимтарин сар-сарӣ мегузаштаанд. Ба ҳар ҳол, онҳо муҷрим нестанд, зеро ба қавли устод Лоиқ:
«Саводи шоирӣ мактаб надорад!».
Ниҳоят ба ёдам расид, ки дар Душанбе аз зодгоҳи мо – ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) шоирае ҳаст бо номи Латофат Кенҷаева. Мегуфтанд, ки Латофат донишҷў шуда, аз деҳа рафту дар Душанбе муқимӣ гашт.
Дар замони мактабхонӣ аз ҷаридаи маҳаллии «Овози Ғончӣ» (ҳоло «Набзи Деваштич») шеъри «Деҳаи Ғончӣ»-и Латофат Кенҷаеваро хонда будам. Онро соли 2010 ба ифтихори 60-солагии адиба бо чанд шеъри дигараш нашр карда буданд.
Сипос Худойро, ки дар ҷустуҷўи суроғаи кории муаллима шудам. Гуфтанд, ки ба бинои «Шарқи озод» (собиқ ГЖК) меравӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16. Аз дили сода гузарондам: Шарқи озод, хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки бошад, ҳатман он ҷо хайре ҳаст. Номи шайх Саъдӣ ва номвожаи Шарқ дилмаро пур аз шарораҳои умед мекарданд.
Ниҳоят тавассути лифт ва албатта бо ёрдами дигарон ба ошёнаи 10-и бинои «Шарқи озод» омадам. Зеро аввалин бор савораи лифт мерафтам. То 18-солагӣ 3 маротиба сафари Хуҷанд карда будам, аммо боре ҳам ба лифт нанишаста будам.
Дари муаллимаро кўфтам. Бонуи зебо, чеҳрахандон, хушзабон, айнаки ба симояш зебанда рўи чашмон пешвоз гирифт.
Барои мани кўдак аз ҷо бархост, ба курсӣ даъват кард. Бо забони нимғурма мақсади омаданамро гуфтам, шеърҳоро пешаш гузоштам.
Шеърҳоро гирифт, баръакси ҳол, ба навиштаҳои бо хомаи сурх иншошуда бо кили сабзранг ислоҳ даровард, вожаҳоро иваз кард, чанд мисраи нокомилро мукаммал намуд, чанд мисраи дигарро сохта, ба ман «ройгон» бахшид ва ниҳоят гуфт: «Дидӣ, қалам дар дасти ман аст, навиштаҳои туро бо хости дил таҳрир кардаму такмил додам, аммо инҳо шояд ба ту писанд наоянд, барои ҳамин, кўшиш намо, то муҳаррири шеърҳои худат боз ҳам худат бошӣ».

пешина
аз 29
навбатӣ