Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
АВВАЛИН
ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
Баъди қариб як моҳ муаллимаи азизам, сардабири моҳномаи «Истиқбол» ба ман занг зада, гуфт: «Биё, шеърҳоят чоп шуданд». Аз донишкада чӣ хел баромада, чӣ хел ба бинои «Шарқи озод» расиданам дар ёд нест. Муаллима маҷаллаи «Истиқбол»-ро, ки орои муқовааш акси файласуфи машҳур Диноршоев буд, ба дастам дода, таъкид кард, ки аз муҳосиб ҳаққи қалам бигирам.
Ман на танҳо шод, балки аз шароби шодии бисёр мадҳуш будам. Моҳномаи рангин ва 35 сомонӣ ҳаққи қалам дар кафам лахчаҳои оташро мемонданд, оташи муҳаббат, мурувват ва хайрхоҳӣ. Агар лахчаҳои ҳақиқии оташ дасту поро сўзонанд, ин лахчаҳо диламро гарм мекарданд, рўҳамро обутоб медоданд. Аз содагӣ, аз он ки дар деҳа бузург шудаему дидадаро ва аҳли муошират набудаем, бо овози баланд «Сипос Муаллимаҷон!» гуфта натавонистам. Имрўз ҳам гуфта наметавонам, зеро пеши шукўҳи бузургворӣ ва бахшояндагии Латофати азиз сипоси ман чӣ қадар ҳақиру ночиз метобад, инро худам медонам. Аммо ҳар лаҳза дар дил сипосгузорӣ дорам. Моҳномаи рангин ва 35 сомонӣ ҳаққи қалам дар каф хушбахттарин каси шаҳр ман будам гўё…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё