Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АВВАЛИН ҶОИ КОР

Дар рафти сафари Бадахшон муаллима маро таҳи чашм карда будааст, ки баъди як моҳи бозгашт, расман маро дар идораи моҳномаи «Истиқбол» ба кор гирифт. Ба шарофати ў курси ду мехондаму аллакай журналист ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон будам. Муаллима рафту омади кормандонаш, аз ҷумла маро тамоман зери назорат намегирифт.
Озодӣ, ки ягона ҷавҳари эҷод аст, дар фазои «Истиқбол» ҳукмраво буд. Ҳатто бо нармӣ гоҳо занг зада, даъват мекард, ки омада моҳонаро гирем. Чунин муҳитро кӣ дидааст, фикр мекунам, ки ҳеч кас!
Шоирону олимон Ҷўра Ҳошимӣ,
Юсуфҷон Аҳмадзода, Сайёд, Анзурати Маликзод, Салими Зарафшонфар, Абдусалом Абдуллоев, Шаҳло ва Гулизори хушчеҳр болу пари мо буданд. Дар қатори номи инҳо ниҳоят номи ман ҳам дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи собиқ «Машъал»-и маъруф ва имрўза «Истиқбол» падидор гардид.
Ин чӣ аст? Латофат дар ҳаёт хиёнатҳоеро таҳаммул кардааст, ки танҳо аз шуниданашон ба тани кас мурғак медамад. Бо лабханди маънидоре ҳар гоҳ такрор мекунад:
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард…
Номи муаллима дар суҳбатҳо вирди забон шавад ё касе дар бораи онҳо паёме расонад, ҳарфе гўяд, дар зеҳнам чунин манзара ҷилвагар мешавад: «Бонуи хушгиле дар оғўши ҳазорон китобҳои рангаи кўдакона нишастаасту табассум мекунад.
Пешаш омадӣ, аз сандуқчаи марвориди дилаш вожаҳои абрешимӣ мерезад, дар табақчаи нақшдор назди ташрифовардагон мавизу санҷид мегузорад ва вақти рафтан ҳатман ду-се китобу китобчаро дар кафи меҳмон ройгон гузошта, таъкид мекунад: «Ба кўдакон баред, мехонанд…».
Мо ғафлатзадгони иҷтимоъро такон дода, ба ёди тифлонамон мебарад. Ва сипос Худоёро, ки имрўз ҳам дар чунин муҳити нозанин нишастаасту чун кўдак дар роҳи хайру савоб чашмонаш барқ мезананд.
Барои аввалин ҷои кор, барои аввалину беҳтарин муҳити корӣ ба муаллима Латофат ҳазорон сипос!

пешина
аз 29
навбатӣ