МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Равам аз маҷлису ғавғои бисёр,
Бипечам дар ҷаҳони орзуҳо...
Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,
Маро, кўҳсор, шоир мекунӣ боз.
Навбаҳорон, ҳангоми дамидани сабзаҳову шукуфтани гулҳои рангоранг бо қуттиҳои занбўрҳои асалаш роҳи дараи сергулеро пеш мегирифт ва ба ҳосилҷамъкунии занбўрҳо зеҳн мемонд. Аз гул ба гуле, аз бутта ба буттае нишастану шира гирифтан чӣ қадар заҳмат, сабр ва ҳаракатро талаб мекунад.
Аҷаб кайфияте, ҳикмате, панде дорад тамошои ин манзараҳо. Аҳли эҷодро лозим аст, ки ба заҳмату меҳнати ин ҷонварак мутаваҷҷеҳ бошанд, лаззат бурдан аз ҷамъоварии шарбати гулҳоро биомўзанд ва ҳангоми иншои шеъру тарона, қиссаву ҳикоят аз гулистони забони бою пуртаровати тоҷикӣ мисли занбўри асал гулчинӣ кунанд…
Дар айни замон, олами ҳар эҷодкор олами афсунгарест, ки на ҳама ба дарку эҳсосаш қодир мебошем, ба қадру қиматаш мерасем. Ҳар эҷодкор оламе дораду бо оламе моро тарк мегўяд, ки мутаассифона, дар бисёр маврид розу асрори оламаш нокушода мемонад. Ҳангоми зиндагиаш кўшише барои ифшояш намекунем…
Баҳром Фирўзи шоир ба наср рў овард ва аввалин ҳикояи худро бо номи «Бобо» соли 1972 дар маҷаллаи «Садои Шарқ»
ба табъ расонд, ки дар назари бисёриҳо санҷиши қалам ва ҳаваси шоирона намуд. Вале насри шоир таваҷҷўҳи адибони маъруфу мунаққидони нуктасанҷро, аз қабили Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ба худ кашид ва маслиҳат доданд, ки «Баҳром, шеърҳоят хуб аст, аммо насрат хубтар омад, домани ин шуғлро сидқан сахт бигир».
Аз маслиҳати дилсўзонаю суханони ғамхорона адиб рўҳ гирифт ва ба насрнависӣ ҷиддӣ машғул шуд.
Сабаби ба наср рў оварданашро ў дар пешгуфтори яке аз китобҳояш чунин маънидод карда буд:
«Чӣ шуд, ки ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гўё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рўи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё