МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчўбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд.
Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзўъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре асос барниҳодааст. Шеър ҳикмат аст, сўз аст, оҳанг аст, панди рўзгор аст, хулосаест аз зиндагӣ, вале он ба ҳеҷ ваҷҳ тасвири комил ва возеҳи зиндагӣ нест ва инчунин тасвирро аз шеър чашм доштан натавон. Агар дар замони Рўдакӣ таълифи қиссаву романҳои воқеӣ расм мебуд, мо имрўз ҳаёту зиндагӣ, андешаву омоли ниёгонамонро нисбат ба ахбори ҷамъи китобҳои дигар равшантар қиёс мекардем…»
Адиби маъруф Абдумалик Баҳорӣ дар охирсухани яке аз маҷмўаҳои аввалини қиссаву ҳикояҳои ў навишта буд, ки «аз ҳама муҳимаш, қаҳрамонони повесту ҳикояҳои Баҳроми Фирўз бофтаи хаёли адиб не, балки одамони зиндаю заминианд.
Муаллиф аз масъалаҳои сарпеч ва мушкили ҳаёт ҳаргиз рў натофтааст. Ў хуб медонад, ки сўҳон кардани теғаҳои сартези ҳаёт дар адабиёт худфиребӣ аст, зеро инсон хоҳу нохоҳ, бо онҳо рў ба рў мешавад ва он гоҳ нохушии андаке ба сари ҷавони ширинхаёл фоҷеаи азиме хоҳад буд. Бинобар он ҳам, адиб қаҳрамонони худро ҳамеша дар умқи зиндагӣ тасвир мекунад ва бо ҷузъияти ҳаёт қонеъ намемонад.
Баҳром Фирўз ба ҷодаи адабиёт бо кўлвори вазнини таассуроти рангин қадам ниҳодааст».
То чӣ андоза аниқу саҳеҳ будани хулосаи адиби соҳибтаҷрибаро эҷоди солҳои минбаъдаи Баҳром Фирўз собит сохт. Ў хонандаро ба тасвирҳои дилангезу ҷаззоб ва сеҳри суханаш ҳам дар силсилаҳикояҳояш ва ҳам дар қиссаҳои «Рухсора», «Тарма», «Ситораи думдор», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд» ба ишқу муҳаббати софу беолоиш, одаму одамгарӣ, накўкориву хайрандешӣ даъват менамуд.
Бино ба таъкиди академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамояд. Онҳоро бодиққат омўхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тўфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфуз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё