Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ҳавои мушкбӯи дар машоми ман, Ватан,
Ватан.
Намозгоҳи сабзи ҷовидони ман туӣ, туӣ,
Баёзгоҳи сабзи достони ман туӣ, туӣ,
Ниёзгоҳи сабзи ормони ман туӣ, туӣ,
Навозгоҳи сабзи ҷисму ҷони ман туӣ, туӣ.
Ту мубтадои оламӣ барои ман, барои ман,
Ту мустафои марҳамӣ барои ман, барои ман,
Ту муттакои ҳардамӣ барои ман, барои ман,
Ту мунтаҳои хуррамӣ барои ман, барои ман.
Чаман-чаман навои ман фидои ту, фидои ту,
Хутан-Хутан сафои ман фидои ту, фидои ту,
Даман-даман садои ман фидои ту, фидои ту,
Чакан-чакан ҳавои ман фидои ту, фидои ту!
феврали 2006
БА ҲАМЗАБОН
Эй ҳамзамон, эй ҳамзабон, рӯзи хушат фархунда бод,
Эй вориси озодагон, рӯзи хушат фархунда бод.
Эй як нишон аз дурҳо, аз мулки нуру ҳурҳо,
Эй насли неки ориён, рӯзи хушат фархунда бод.
Эй ҳамхудову ҳамрасул, эй ҳамсадову ҳамусул,
Эй бо Авасто ҷовидон, рӯзи хушат фархунда бод.
Поянда бо Зардушти худ, поянда бо сад пушти худ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё