Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
«БА СУХАН ЗИНДА ШАВАД...»
То бо Баҳром Фирӯз бевосита шиносоӣ пайдо кардан, пештар бо шеърҳояш шинос гаштам, ӯ донишҷуи Донишгоҳи омузгории шаҳри Хучанд буду навиштаҳояш тез-тез дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» рӯи чопро медиданд. Ман он вақт хонандаи мактаби миёна будаму шеъргунаҳо менавиштам ва ба идораи рӯзномаҳо мефиристодам. Дар рӯзномаи вилоятӣ низ ибтидои солҳои шастум намунаҳои эҷодам дарҷ гашта буданд. Маҳз дар саҳифаҳои ҳамин рӯзнома бори нахуст номи Баҳром Фирӯзро дидаму шеърояшро хондам. Ин шиносоии нахустини ман бо ӯ буд.
Баъдтар, вақте ба Душанбе омадаму дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», радио ва телевизион, маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекардам, худашро аз наздик дидам, шинос гаштам ва баъдтар шиносоии мо ба дӯстию бародарӣ табдил ёфт.
Як лаҳзаро ҳеҷ фаромӯш намекунам:
тобистони соли 1967 ба идораи нашриёти «Ирфон», ки дар кӯчаи Шевченко воқеъ буд, рафтам.
Дар он ҷо Баҳром Фирӯзро дидам. Ӯ як нусхаи маҷмӯаи нахустини ашъораш «Розҳои маҳтобшаб»- ро, ки навакак рӯи чопро дида будааст, дар даст дошт. Чеҳраашро болида дидам. Ӯро бо нашри китоби нахустинаш самимона табрик кардам.
Баҳром дар навбати худ маро ҳам ба чопи маҷмуаи аввалам «Заврақи умед», ки ҳамон рӯз аз нашриёт гирифта будам, табрик намуд. Ҳарду хурсанд ҷониби коргоҳи худ равон шудем. Ҳамин тавр, баъдтар мо дар як майдон - адабиёт, солиёни дароз фаъолият намудем. Бояд иқрор шуд, ки майдони сухани Баҳром Фирӯз фароҳтар буд, ӯ дар ду майдон - назм ва наср ҳунарнамоӣ мекард. Агарчӣ баъдтар ҳам шеърҳо навишт, бо номҳои «Силсила», «Тафти дил» маҷмуаҳои ашъор ба табъ расонд, лек дар наср сермаҳсултар буд. Китобҳои ҳикояҳо ва қиссаҳояш паи ҳам нашр мешуданд. Солҳои охири ҳаёташ ба таълифи роман машғул буд. Нисбат ба худ ва дигарон серталабӣ дошт. Ростравӣ, ростгӯӣ, ҳақиқатталошӣ пешаи ӯ дар зиндагӣ буд. Агар навиштаҳояш аз ҷумла китоби калонҳаҷми «Саҳнаи гардон»- ро бодиққат мутолиа кунед, ин сифатҳоро ба хубӣ мушоҳида мекунед. Ман бошам солҳои ҳамкориам дар нашриёти «Адиб» ва ҳамсоягиам дар хонаи зист ӯро беҳтару хубтар шинохтам.
Баҳром ба қадри вақт мерасид, онро беҳуда намегузаронд, ҳамеша дар кор, эҷод ё мутолиа медидам. Солҳое, ки мудири шӯъбаи адабиёти муосири нашриёти «Адиб» буд, дар паҳлуи худ муҳаррирони хубро гирд овард ва барои беҳтаршавии сифати китобҳо талошҳо варзид. Ба ин васила аз худ номи нек боқӣ гузошт. Имрӯз фарзандони азизаш номбардори ӯянд.
Чунон ки бузургон гуфтаанд, суханварон таваллуд доранду мурдан не. Баҳром Фирӯз суханвари асил буд ва номи ӯ бо «беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ» - Сухан зинда хоҳад монд.
Ниҳоят, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Ба сухан зинда шавад номи ҳама, Ба сухан пухта шавад коми ҳама.
Саидалӣ МАЪМУР,
Шоири халқии Тоҷикистон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё