Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ХОКИ ВАТАН
Аз ҳади хоки ватан рафта бурун,
Ранҷаи заҳри ҷудоию фироқ,
Ҳар куҷо ҳамватане ҳаст маро
Сокини Кобулу Табрезу Ироқ.
Сари роҳ дар сафари кишвари ғайр
Дӯш бо ҳамватане биншастам.
Иштиёқи ватан ӯро месӯхт,
Соате гӯш ба ҳарфаш бастам.
Сарвату давлати афзунаш буд,
Манзилу маскани ободе дошт.
Беватан буд вале марди ғариб,
Айши талху дили ношоде дошт.
Хондам аз ҳикмати Саъдӣ байте,
Чун ба ҳолаш, ки мувофиқ, буд он:
«Пой дар занҷир пеши дӯстон,
Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон»
Ашк аз дида чу марҷон мерехт,
Зор менолиду мегуфт «Ватан»
Илтиҷо дошт зи ман марди ғариб
Як каф аз хоки ватан - атри кафан.
Аз ҳади хоки ватан рафта бурун,
Ранҷаи заҳри ҷудоию фироқ,
Ҳар куҷо ҳамватане ҳаст маро
Сокини Кобулу Табрезу Ироқ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё