Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
ЧАНД СУХАН БА ҶОИ САРСУХАН
«Халқ соҳибҳунартарин эҷодкор аст. Эҷодиёти халқ аз навъҳои олитарину ҳикматэсортарин санъат мебошад; он чӣ ки дар лавҳи хотири халқ нақш бастааст, умри дароз мебинад, халқ садҳо сол фаромўшаш намекунад. Халқ, бемуболиға, ҷўяндаи тилло, ҷўяндаи марворид аст; аз ҳар чиз беҳтаринашро ҷудо карда, дар худ нигоҳ медорад ва аз насле ба насле мерасонад; дар давоми даҳсолаҳои зиёде қисми қиматноктарину пандомўзтарини онро сайқалу ҷило медиҳад» (М.И.Калинин).
Панду ҳикмат ва суханони хирадмандона, ки дар адабиёти даҳониву китобии халқи тоҷик хеле пурбаракат мебошанд, асрҳо инҷониб дар ҳаёти моддӣ ва маънавии халқамон мавқеъи ниҳоятдараҷа бузурге доштаанд. Чӣ тавре ки ҳар як халқ панду ҳикмати аҷдоду бузургони худашро дўст медорад, халқи тоҷик низ нисбат ба суханони ҳакимонаи гузаштагони худ, ки дар зиндагӣ чун дастуруламал хизмат кардаанд, ҳурмату эҳтироми бағоят самимонае доштааст. Аз ин рў, дар муомилоту муошироти зиндагӣ дар мавқеъи муносиб кор фармудани ин ва ё он зарбулмасал ё панду ҳикмати хирадмандон расм гардидааст.
Шумораи зарбулмасалу мақолу панду ҳикмат, ки дар адабиёти халқиву китобии тоҷикӣ маълум ҳастанд, хеле бисёр аст; аммо афсўс, ки ҳоло ҳам онҳо гирд оварда нашудаанд. Ҷамъ овардан, омўхтан ва, ниҳоят, дастраси омма гардондани онҳо вазифаи имрўзаи мо мебошад, зеро аксари он гуфтаҳои ибратбахш ҳанўз қадру қимати худро дар таълиму тарбияи насли ҷавон гум накардаанд.
Гирдоварандаи ин маҷмўа дар аснои таҳқиқу омўзиши забони тоҷикӣ ва танзими луғати он дар осори классикони адабиёти гузаштаву ҳозира ва таълифоти олимони тоҷик ба бисёр зарбулмасалу мақолу ҳикмат дучор омада, дарёфт, ки ҷамъу нашр ва таҳқиқу тадқиқи ҳикмати халқу адабиёти классикиамон ҳанўз ғайриқаноатбахш мебошад.
Аз ин рў, бо мақсади ёрӣ расондан ба корҳои амалии ташаббускорони ин соҳа ва беш аз пеш дастраси оммаи васеъ гардондани шаммае аз он гавҳари ноёб, ин мухтасар омодаи чоп карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё