Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Албатта, панду ҳикмате, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, қатраи хурде аз баҳранд.
Хотирнишон бояд намуд, ки дар ҷараёни ҷамъоварии панду ҳикмат аз осори нависандагони адабиёти классикӣ баъзе душвориҳо ба миён меоянд, ки онҳоро ба инобат бояд гирифт.
Аввалан, ба қадри кифоя дастрас набудани аксари асарҳои муаллифони гузашта мебошад, яъне, имрўз адабиётшиносони тоҷик куллиёт ё асарҳои ҷудогонаи илмии муаллифони гузаштаро хеле кам ба чоп тайёр намудаанд.
Албатта, набудани чопи илмӣ кори ба таври мукаммал ҷамъ овардани панду ҳикматро аз асарҳое, ки иборат аз ҳазорҳо ҷилд мебошанд, душвор мегардонад. Дигар он, ки дар вақти ба алифбои ҳозира гардондани ин дурдонаҳо ба вазну маънояшон риоя кардан, хатоҳои котибони бешумори асарҳоро ислоҳ намудан чандон осон нест.
Маҷмўа аз манбаъҳои зерин гирд оварда шуд:
1.Аз осору куллиёти шоирон, аз қабили «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Куллиёт»-и Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон; мунтахаботи классиконе, ки то имрўз ба табъ расидаанд, монанди «Осори Рўдакӣ», «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ», «Маҷмўаи шеърҳо»-и Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Хусрави Деҳлавӣ, «Мунтахаби девон»-и Ҳофизи Шерозӣ,Камоли Хуҷандӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон.
2. Аз осори илмии баъзе муаллифон, монанди «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Садриддин Айнӣ, «Биноӣ»-и Абдулғанӣ Мирзоев, «Мирзо Абдулқодири Бедил»-и Садриддин Айнӣ, «Саййидо ва мақоми ў дар таърихи адабиёти тоҷик»-и Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон.
3. Аз осори шоирону нависандагони советие, ки дар ҳаёт нестанд (Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ) ва баъзе мақолаҳое, ки дар журналу рўзномаҳо чоп шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё