Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
гуногун бошанд ҳам, саъю талошашон дар роҳи омӯзиши нозукиҳои касб, аз худ кардани техникии бинокорӣ, таҷрибаи пешқадам, сайқали маҳорат ва шавки пешаи интихобнамудашон ҳамгун аст. Бахусус қаҳрамонҳои очеркҳои «Пирӯзии муҳандиси тоҷик» Хайрулло Сафарзода, «Роҳи «Нурафшон» Амрулло Халилов ва «Бригадаи аввалини нақбканон» Ғиёсиддин Хокироев аз ҳар ҷиҳат фаъол офарида шудааст. Онҳо дар зиндагии иҷтимоӣ ва касбӣ муборизанд, асосҳои пешаи интихобнамудашонро хуб медонанд, дар баҳсу мунозираҳо фаъоланд, ҳисси ватандӯстиву миллиашон баланд аст, барои тарбияи мутахассисони ватанӣ мекушанд. Дар маҷмӯъ онҳо симои муҳандиси тоҷиканд, ки дар солҳои 80-90-уми садаи гузашта, зуҳур ёфта, дар бистсолаи аввали садаи XXI шакл гирифтаанд ва имрӯз бори сохтмони иншоотҳои азимро ба дӯш доранд.
Дар очеркҳои дигари маҷмӯаи «Нурофарин» таассуроти сафардидаҳои «Корвони маърифат» доир ба мавзеъҳои таърихии кишвар, манзараҳои зебову нотакрори он, зиёрати оромгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ, фаъолияти роҳбариву ташкилии фарзандони фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, маҳорати адабии нависандаи маъруф Мутеулло Наҷмиддинов ва устод Лоиқ Шералӣ васф ва тараннуму таҷассум гардидааст.
Ҳар яке аз ин қаҳрамонҳо бо вуҷуди симои хос доштан, дар шароит ва муҳити гуногун ба воя расидан, дар соҳаҳо ва вазифаҳои гуногун фаъолият намудан дар ҷодаи худ шуҳратёранд. Ин шуҳрат подоши дилу нияти пок, азму иродаи қавӣ, мушкилнописандӣ, меҳнати ҳалол, қобилияту маҳорати ташкиливу роҳбарӣ ва фикриву эҷодӣ аст, ки ба ағлаби эшон хос мебошад. Кӯшишу талошҳои онҳо дар зиндагӣ натанҳо ба мақсади таъмини рӯзгор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё