Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Шумо, нисбати дар вақтҳои охир авҷ гирифтани воқеаҳои фоҷиавӣ бо ташвишу андӯҳи амиқ муроҷиат мекунад.
Дӯстие, ки асрҳои аср дар байни халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мустаҳкаму пайваст шудааст, хешу табории онҳо, рӯзҳои хушу хурсандию бадро бо ҳам аз сар гузарондан ва решаҳои таърихии муштаракамон ба мо ҳуқуқи ба Шумо муроҷиат намуданро медиҳад.
Мо ба Шумо аз он сабаб муроҷиат менамоем, ҳар тире, ки дар сарзамини тоҷикон парронда мешавад, ба қалби халқҳои Ӯзбекистон ҳамчун найза мехалад. Хабарҳоеро, ки дар муҳорибаҳои бародаркушӣ ҳалок ва маъюб шудани одамон огоҳӣ медиҳанд, ҳамчун ғаму андӯҳ ва кулфати шахсии худамон қабул карда истодаем.
Мо ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоем, ки зиддиятҳои ба миён омадаро бо роҳи сиёсию осоишта, дар доираи қонун ҳал карда, ба мақсади пешгирӣ намудани ҷанг тамоми чораҳо андешида шавад.
Мо боварии комил дорем, ки қувваҳои ба ҳам зид роҳи муросоро меёбанд, мушкилиҳои пешомада бо роҳи гуфтушунидҳои осоишта ҳал карда мешаванд. Ақлу хиради миллати бостонӣ ва таҷрибаи таърихии он тантана менамояд.
Ӯзбекистон ҷавобан ба Муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони давлату ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори медорад, ки то ҳадди имкон ба халқи Тоҷикистон ёрии инсондӯстонаи худро мерасонад. Мо илтимоси роҳбарияти Тоҷикистонро дар хусуси фиристодани қувваҳои сулҳҷӯй барои барпо намудани осоиштагӣ дастгирӣ мекунем. Хоҳони онем, ки дар Тоҷикистони сермиллату мустақил, дар ҳар як хонадони он зудтар осудагӣ барқарор шавад, то ки тамоми шаҳрвандони ҷумҳурият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё