Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Нависанда чун коршиноси иҷтимоӣ воқеаҳои замони муайянро таҳқиқу таҳлил намуда, дар маҷмӯъ фазоеро ба намоиш гузоштааст, ки аз пирӯзии ақли солим, хиради воло ва дилу нияти пок дарак медиҳад.

Сарманшаи чунин пирӯзиҳо ақлу заковат ва часорату матонати Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хидматҳо ва саҳми ӯ дар расидан ба сулҳу ваҳдат, сохтмони нақбҳо, тармиму азнавсозии роҳҳои мошингард, бунёди нерӯгоҳҳо ва амсоли ин дар очеркҳои «Рисолати беназири таърихӣ» ва «Оғози барномаи давлатсозӣ» ба таври фишурда, аммо ҷозибу пурмуҳтаво ба тасвир гирифта шудааст. Нависанда дар тафсили воқеаҳо ва бозтоби рафти амалишавии Барномаи аввалини давлатсозии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саросема нест, балки ӯ суханро аз дур оғоз намуда, бо ташреҳҳои маъниюфар ба асли мақсад наздик мешавад. Ин сухани дур фабула аст, ки барои равшан гардидани мақсади нависанда сохта мешавад. Дар ин маврид сухани фабулавӣ мушоҳидаҳои муаллиф аз кишвари Афғонистон, аниқтараш аз суҳбат бо гурезаҳои бадбахт аст, ки дар охири солҳои 60 ва ибтидои даҳсолаи 1970-ум ҳосил шудааст. Ин гурезаҳо бекасу кӯянд. Онҳо солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ ба Афғонистон иҷборан гуреза шуда бошанд ҳам, касе аз роҳбарони замон аз ҳолашон пурсон нашудааст. Дар ёди кишвари азиз дилашон гум мезанад ва ҳанӯз ҳам бовар доранд, ки рӯзе ба Ватан бармегарданд.

Ин саҳна барои дарки дурусти моҳияти аввалин барномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафаш бо тамоми ҳастии худ ба муқобили ҷанг мубориза бурда, муҳоҷиронро баргардонидан буд, ба хонанда ёрӣ мерасонад. Тасвири раванди иҷрои ин барнома образи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун «падари ғамхори халқ» намудор мегардонад.

пешина
аз 216
навбатӣ