Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Ба хонандаи огаҳ маълум аст, ки Бахтиёр Муртазо чандин сол боз ба омӯзиши ҷараёни сохтмони нерӯгоҳҳо, бахусус НБО-и Роғун ва ҳаёту фаъолияти қаҳрамононаи нурофарони он машғул аст. Як силсила очеркҳои китоби «Нурофарин» аз ҷумла «Садди сойи Оби Шӯр», «Оташи қалби инсон», «Роҳи «Нурафшон»», «Оғози сохтмонро дӯст дорам», «Бригадаи аввалини нақбканон» ва «Пирӯзии муҳандиси тоҷик» бевосита ба НБО-и «Роғун» ва сохтмончиёни он бахшида шудаанд. Ин асарҳо аз нигоҳи навъи жанри очерки проблемавианд, ҳарчанд дар онҳо унсурҳои портретсозӣ кам нест. Проблемаҳо ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун иртибот доранд, ки тавассути нерӯи зеҳниву касбӣ, қобилияти ташкиливу роҳбарӣ, таҷрибаву малакаи кории қаҳрамонони асарҳо роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд. Чунончи, агар дар очерки «Садди сойи Оби Шӯр» тамоми нерӯву тавони Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Сафарзода Хайрулло Амиралӣ ба «бастани дасту пойӣ Оби Шӯр», мустаҳкам намудани садди ин сой равона шуда бошад, дар «Пирӯзии муҳандиси тоҷик» масъалаи ташаккулу камолоти касбӣ ва хиради раҳбарии ӯ ҳамчун муҳандис таҳқику тавсиф шудааст. Нависанда дар ин ду очерк, ҳамчунин очерки «Оташи қалби инсон» бо таҳқиқи вазъи сохтмон, мушкилоту монеаҳои бунёди он ва тасвири кӯшишу талошҳои масъулин дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо симои Сафарзода Хайрулло Амиралиро ҳамчун муҳандиси соҳибтаҷрибаву дақиқназар, роҳбари кордону таҳлилгар, мушоҳидакору дақиқсанҷ, ҷӯяндаву қолабшикан, ғамхору ҷиддӣ, масъулиятшиносу масъулиятхоҳ, хушмуомилаву суҳбаторо, ботамкину таҳаммулпазир, чораҷӯву соҳибтадбир, соҳибандешаву устувормавқеъ, қавииродаву ҷасоратманд ва хушбину дурандеш намо медиҳад.

пешина
аз 216
навбатӣ