Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
корро пеш мебаранд. Онҳо бояд чунин рӯзи маҳшарро пешбинӣ мекарданд ва қабл аз шурӯъ намудани эъмори сарбанди неругоҳ дар соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштому ҳафт аввал ин сойи шӯрангези арбадаҷӯро маҳр мезаданд, то чунин вайронкориҳо накунад. Ва ё сарфакории бебунёду нодаркорро як сӯ гузошта, нақбҳои сохмониро боз ба миқдори яксаду панҷоҳ ё дусад метр идома медоданд, то аз шару шӯри ин сойи вайронкор дар мавқеи дуртар ва бехавфтар мебуданд. Ҳароҷоти бо давом ёфтани нақбҳои сохмонӣ ба миён омада, албатта, ба зудтарин фурсат пӯшида мешуд. Аз ҳама муҳимаш шояд он вақт ин вайронкориҳо рух намедоданд ва чӣ тавре ки халқ мегӯяд, олам гулистон мешуд. Вале нақши тақдир бо қалами азал дигаргуна тағйиру таҳрир гардида буд...
...Намояндагони салоҳиятдор барои бозрасии ҳамон воқеаи мудҳиш хеле дер, яъне рӯзи сеюми май омаданд ва ҳине ки онон соҳилҳои сойи Оби Шӯрро бидиданд, дар ин ҷо селоби гилпур як маҳшаре барпо намуда буд. Чаҳоруми май маҷрои пуршиддати сойи Оби Шӯр сангҳои бузургро ғелонда оварда, дарёи тезҷараёнро тамоман баст ва рӯд ба фурсати кӯтоҳтарин дам хӯрд. Оби чиркини сойи Оби Шӯр баромадгоҳи нақби якуми сохмониро маҳкам намуд. Оби Вахш, ки бо нақби сохмонӣ ҷорӣ мешуд, дам хӯрда, бо як ҳоли зоре кам-кам берун мерафт. Лаҳза ба лаҳза дам хӯрдани дарё афзун гардида, об то сақфҳои нақбҳо расида буд. Қисматҳои поёнии нақбҳо бо сабаби наздикӣ ба сой комилан зери об монданд. Дар болои кӯпруки сеюм насосҳо бидуни тавакқуф фаъолият доштанд ва обро аз нақб кашида ба дарё мерехтанд. Вале қувваҳои ин насосҳо кифоят намекарданд, то ин ҳама обҳоро фурӯ бикашанд.
Рӯзи ҳаштум ба нӯҳуми май ва хосатан шабонгоҳон борони сел боз ҳам пуршиддаттар борида, ба оби дарёи дамхӯрда фишор меовард. Супориш шуд, ки экскаватор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё