Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ва баъд аз он сарбанди неругоҳро эъмор мекарданд...
Вале нашуд он кор, бубин, бишуд ин кор...»

Бисёр муҳандисин ва роҳбарони гуногунпоя, ки ҳоло ба бунёди неругоҳ шуғл доранд, дар ин бобат сарвари дар замонҳои шӯравӣ фаъолият доштаи неругоҳи Роғун Николай Григоревич Савченковро андар гиёҳ нах мезананд ва танқид мекунанд, ки ҳамон солҳо вай ба сохтмони садди сойи Оби Шӯр заррае ҳам ҳавасила накарда будааст. Оре, маҳз ӯ солҳои тӯлонӣ роҳбари яккаю ягонаи муқтадири ин сохтмони муҳташаму беназир гардида, боз чандин вазифаҳои баландпояро ишғол намуда буд ва имкон дошт, ки дар ин сой садде сохта ва бар сари он лигоми мустаҳкаме андохта, баъди анҷоми ин вазифаи муҳим ба бунёди сарбанди неругоҳ оғоз мекард, кори сарае мешуд...

...Рӯзе Хайрулло Сафарзода сохтмони садди сойи Оби Шӯрро муоина карда, мушкилоти пеш омадаро ҳаллу фасл намуду сипас ба деҳаи Миррог рафтагор шуд. Ва ин сафар ҳам барои пайдо кардани маълумоти бештаре доир ба ин сой буд ва дар он ҷо бо сокини куҳансоли ин русто амаки Аваз мулоқот намуд.

Мувофиқи ривоят деҳаи Миррог аз замонҳои қадим басо хушобу ҳаво ва сермева буда, тафреҳгоҳи мири Оби Гарм ва боғи он маҳсуб мегардидааст. Барои ҳамин номи ин русторо чунин номидаанд: Мироғ, яъне боғи мир, чунонки шоири донишманд гуфтааст:

Куҷо роғ бинӣ, ҳама боғ буд,
Куҷо боғ бинӣ, ҳама роғ буд.

Солҳои минбаъда бошандагони он ба ҳар тараф кӯч бастаанд ва алҳол дар деҳа ҳамагӣ панҷ буна сукунат доштаанд, ки сарварони онҳо пирамардрдон Сӯфӣ, Раҷаб, Гул, Мӯҳточ ва Аваз будаанд ва онҳо бо аҳли аёлу атфол мезистаанд. Бобои Аваз як сар маркаб доштааст ва аз ибтидои сохтмони Роғун дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ

пешина
аз 216
навбатӣ