Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Вагарна ба бӯи ров аҳамият надиҳанду дар даруни дара кор кардан гиранд, баъди омадани седоб халос шудан душвор аст, седоб мисли саги ҳапгир ҳапу дам меояд. Ба коргароне, ки аз дигар мулку макон омада, дар сохтмони садди сойи Оби Шӯр иштирок доранд, ману писаронам ин хислати ҳайратангез ва афсонавию шӯъбадаомези сойро гуфтаем. Вақте ки Аваз-бобо ин хислати сойро ҳикоят мекард, писарони ӯ Бобишо, Нуралӣ, Шералӣ, Маҳмадсодиқ ва Давлатбек дар атрофаш нишаста, суханони падарро тасдиқ менамуданд.

  • Амак, шумою писаронатон бисёр кори дуруст мекунед, - гӯён Хайрулло Сафарзода аз ҷояш хесту дасти мусоҳибашро фишурда, ба ӯ миннатдорӣ баён намуд ва ба мошини хизматиаш савор шуд. «Маълум мешавад, ки Савченков ҳафт сол қабл аз оғози сохтмони сарбанди неругоҳ садди сойи Оби Шӯрро сохтанӣ будааст, - ба дил гузаронд директори генералӣ вақти бозгашт ба тарафи коргоҳ, - бале, ба нақша гирифтааст, ки пеш аз тағйир додани маҷрои дарё ва оғози сохтмони сарбанд сойи Оби Шӯрро лаҷом бизанад ва аз шарру зиёни шайтонатпешаи он эмин гардида, бо хотири ҷамъ сарбанди дар ҷаҳон муҳташамтаринро бунёд бикунад. Вале бо кадом сабабе ин нақшааш амалӣ нагардидааст. Вақти ба Роғун омадани Савченков лаҳзаи мувофиқ шавад, инро аз вай фаҳмидан мумкин. Ҳароина ғалат мекунанд, онҳое, ки Николай Григоревичро андар ғиёб наҳ мезананд! «Худат бар пешрафти сохтмони умумихалқӣ чӣ нафъе расондӣ, эй нокиди бехудасухан», хаёлан муроҷиат мекунад Хайрулло Сафарзода ба чунин тоифаи одамон.

Дар ҷараёни корҳои барқароркунии сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун зимни сафари таърихии Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба

пешина
аз 216
навбатӣ