Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

«ОҒОЗИ СОХТМОНРО ДӮСТ ДОРАМ!»

Солҳое, ки дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») вазифаи мудири шуъбаи таблиғ ва тарвиҷро адо менамудам, рӯзе рассоми ороишгари рӯзнома Муҳиддин Олимпур як даста сурати бинокорони варзидаи Нерӯгоҳи барқи обии Норакро омодаи чоп намуда, дар рӯйи мизи котибот ниҳод. Муҳиддин ҷавони ҷӯянда, мушоҳидакор ва зебоипараст буд. Таҳсили омӯзишгоҳи рассомиро хатм намуда, чанд сол боз ҳамроҳи мо фаъолият дошт ва дар баробари рассомӣ бештар аз ҳаёти ҷавонон аксҳои хушсифат меовард. Ва ин суратҳо дар саҳифаҳои рӯзнома чоп гашта, барои ороишот ва пурмуҳтаво гардидани ҷаридаи ҷавонон ба кор меомаданд.

Муҳиддин Олимпур ҳамон солҳо аз кору таҳсили духтарони тоҷик як силсила суратҳо чоп карда, дар бинои кинотеатри ба номи А. Ҷомӣ ба намоиш гузошта буд ва унвони ин силсиласуратҳои санъаткорона эҷодгаштаро «Гулдухтарони тоҷик» номгузорӣ кард. Хурду калони шаҳри Душанбе ин суратҳои зеборо чандин муддат тамошо карда, завқу шавқи баланд ёфта буданд. Бояд зикр намуд, ки то ин вақт ягон суратгири рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чунин фаъолияти эҷодиро анҷом надода, ба ин ранг суратҳоро барои чоп пешниҳод накарда буданд.

Инак, мо аксҳоеро муоина менамудем, ки Муҳиддин дар рӯйи мизи котибот ниҳода буд ва онҳо кору рӯзгори қаҳрамонони сохтмони Нерӯгоҳи Норакро инъикос мекарданд.

Ман ба акси ҷавонмарди нуроние диққат намудам, ки риши кӯтоҳмикроззадае дошта, бар сар қулохҳӯд ниҳода буд ва дар рӯйи дилаш мукофоти олии даврони шӯравӣ – нишони Ленин ҷилва менамуд. Орс, ин шахс бинокори

пешина
аз 216
навбатӣ