Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо ман тарбият ёфтам, ба воя расидам, ҳунар омӯхтам, кор карданро ёд гирифтам. Шумо падарона сарамро сила карда, маро аз писаронатон, бародарони ҳақиқии ман кам нагирифтед. Минбаъд писарони шумо Мирвафо, Мирҷамол, Мирғиёс ва Муҳиддин бародарони қиёматии ман ҳастанд.

Камол бо дуои усто Миршукурбобо ба сохтмони нерӯгоҳи Сарбанд омада, 20-уми марти соли 1956 дар маҳфили оғози ин азамати барқ ширкат варзид. Чанд муддат узви бригадаи бинокорони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ғулом Орзуқулов буд. Ин марди номвар аз сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум бо ихтиёри худ барои ёрӣ расондан ба Сарбанд омада, аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ бригадаи бинокорон ташкил намуд. Дар назди иншооти навбунёд мактаби ҳунаромӯзӣ таъсис ёфта, ҷавонони водии Вахш ҳунарҳои бетонрезию хиштчинӣ, андовагарию дуредгарӣ, рангмолию пардозгарӣ меомӯхтанд.

Камол ин ҳунарҳоро дар дабистони усто Миршукурбобо ба дараҷаи аъло омӯхта буд. Ва якчанд сол бо ёрии падархондаш дар идораи роҳсозии шаҳри Қӯрғонтеппа ба сифати сардори бригадаи бетонрезон ба кор шомил шуд.
Ҳамчун бетонрези маслакӣ бо имзои роҳбарони ин идора ҳуҷҷат дошт. Рӯзҳои истироҳат ва таътил дар паҳлуи усто Миршукур истода, дар таъмири осиёб ширкат меварзид, хусусан дандони санги осиёбро мечид. Дар таъмири осиёб кори вазнин ва душворитарини чидани дандони санги осиёб ҳисоб меёфт. Тартиби анҷоми ин амал чунин аст, ки усто санги осиёбро аз болои таҳсанг бардошта, чаппа мекунад ва ба истилоҳ дандонҳои ҳангоми орд кардани ғалла суда ва фарсуда гардидаи санги осиёбро бо чақкуши дусараи нӯгтез зада барқарор мекунад. Ҳамин корро чидани дандони санги осиёб гӯянд ва ин ҳунари нозуктарини устои осиёбро бобои Миршукур фақат ба Камол бовар мекард.

пешина
аз 216
навбатӣ