Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
МУҚАДДИМА
«Табиат дар назди мо чун китоби кушода аст ва онро эҳтиёткорона бояд мутолиа кард»
Д. Менделеев.
Ҷангал, табиат ва олами наботот сарвати бебаҳои кишвар буда, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро маҳз чашмаю рӯдҳои равон, мавзеъҳои афсонавӣ машҳури дунё намудаанд. Беҳуда нест, ки шахсан Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ба масоили муҳити зист, истифодаи оқилонаи обу сарватҳои табиӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат солҳои охир дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд, ки боиси эҳёи ҷангал ва боғу мавзеъҳои нав гаштаанд.
Худи ҷангалпарварӣ низ дар ҷумҳурӣ таърихи
бой ва рангин дорад. Нахустин хоҷагиҳои
давлатии ҷангал дар Тоҷикистон ҳанӯз охирҳои
асри XIX пайдо шудаанд. Хоҷагиҳои ҷангал дар
ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти давлатӣ аз солҳои 1930-
юм фаъолият карда, нахустин қитъаҳои он Қизил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё