Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
- Қалъа, Панҷ, Даҳана - Киик, Ховалинг, Ҳоит, Ромит, Чилликӯл, Варзоб, Колхозчиён ва ғайра ба шумор мерафтанд.
То солҳои баъдиҷангӣ ин мақомот вазифаи ҳифзи олами наботот, ҷангалро ба ӯҳда дошт. Дар солҳои шастум бошад, аллакай аҳамияти ҷангал дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, солимгардонии муҳит, оқилона истифода бурдани захираҳои ҷангал, яке аз масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор мерафт.
Ҳамин тавр, дар тӯли беш аз ҳафтод сол хоҷагии ҷангал рушд карда пеш рафт ва ба як соҳаи сердаромад табдил ёфт.
Дар ҷангалҳои Тоҷикистон беш аз 240 намуди дарахту буттаҳои ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда мерӯяд. Захираҳои ҷангал аз гиёҳҳои шифобахшу доругӣ бой буда, дар ҳудуди онҳо даҳҳо номгӯи ҳайвоноту паррандагони нодир ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳар сол бо ташаббуси бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҳазорҳо бех ниҳолу дарахтони гуногун шинонда мешаванд, ки ин боиси зиёд шудани масоҳати ҷангалзорҳо, боғоту чаманзорҳои нав мегардад.
Қобили зикр аст, ки тӯли ин солҳо хоҷагии ҷангал ва боғи фарҳангиву истироҳатии Ғалабаи шаҳри Душанбе низ тараққӣ карда аз як хоҷагии хурд ба як муассисаи калон табдил ёфтааст. Дар ин давра он чанд маротиба табдили ном карда бошад ҳам, чун хоҷагии ҷангали Қамчин ёд мешавад. Беш аз 60 сол аст, ки он арзи вуҷуд дошта, ба як мактаби ҳақиқии ҷангалпарварӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон табдил ёфтааст.
Бешубҳа дар пешрафту шукуфоӣ ва тараққиёти хоҷагӣ саҳми сарҷангалпарвар, собиқадори меҳнат Маҳкам Ҷӯраев, ки беш аз 40 соли умри азизи худро сарфи ин роҳи неку муқаддас намудааст, назаррас аст. Шумо бо мутолиаи қиссаи мустанади «Посдори табиат» бо роҳи тайкардаи ин марди наҷиб ва зиндагиномаи ӯ аз наздик ошно хоҳед шуд.
Аз муаллиф

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё