Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
идораи маъмурият ояд, охир ҳар саҳар он ҷо ҷангалбонҳо ҷамъ омада реҷаи кории худро муайян месозанд. Ва ӯро чун сарҷангалпарвар зарур аст, ки ба коргаронаш оид ба ҳифзи табиат, наботот дастурҳо дода, ба ҳар қитъа нозир равон созад.
Акнун ӯ баргаштанӣ буд, ки яке чашмаш ба дарахти навбурида афтод. Аз он ниҳоли дирӯза сарсабз ҳамагӣ як кунда боқӣ монда буду халос. Акаи Маҳкам бо ҳасрат ба таҳкунда даст расонд; аз хатҳои кунда синну соли дарахтро муайян кард. Ин дам ӯро ғаму парешонӣ хаставу лакот кард. Акнун аз шодиву хурсандии чанд лаҳза пешинаи Маҳкам Ҷӯраев нишоне намонда буд. Балки ӯ пешонии васеи пурчинашро, ки пури обу арақ буд тоза карда, худ ба худ ба гап даромад:
- Мана дарахтеро, ки бо ҳазор умеду орзу шинонда будему як гӯшаҳаки ҷангалро оро медод, чӣ тақдире пеш омад. Аз дасти табарбадасте умри кӯтоҳ дид. Ҳамагӣ 8 сол. Дар ин муддат аз як ниҳолаки хурд ба як дарахти мӯҳташами сердолубарг, шохаву навда табдил ёфта буд.
Дунёро бинед, ки дарахт аз боду боронҳо худашро ҳифз карда тавонист, аммо аз инсонҳои беандеша не, охир ин дарахти пир кай медонист, ки рӯзе мерасаду боз аз дасти одам нест мешавад. Ин дарахт низ замоне дар сояаш одамонро панаҳ кардааст. Лаҳзае ки одамон зери шоху панҷаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё