Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт

МУҚАДДИМА

Нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас талабот торафт меафзояд. Дар натиҷа меъёрҳои ахлоқи ҳамида ва таҳсилоти мӯътадил риоя гардида, ба он водор месозад, ки дар кори донишандӯзии хонандагон ба саҳлангорӣ роҳ дода нашавад.
Таҳрири маҷмӯаи мазкур аз рӯи талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, амалӣ гардидааст. Барои он ки кори омӯзгор осон шавад, супоришҳои грамматикӣ бо ранги сиёҳи баланд ва ҳӯруф ба шакли курсив дода шудаанд. Калимаҳои ноошно низ тавзеҳ ёфтаанд. Бо мақсади он ки диққати хонанда мутаммарказ гардонда, аз ҳадафи асосӣ — навиштани кори хаттӣ дур наравад, супоришҳои грамматикии корҳои хаттӣ мухтасар дода шудаанд.

Китоб аз рӯи зинаи синфҳо (бо нишондоди алоҳидаи матнҳои диктанти санҷишӣ ва нақлҳои хаттӣ) ба фаслҳо ҷудо шудааст. Матнҳо дар се вариант ва бештар аз он дода шудаанд, то ки омӯзгор онҳоро худ интихоб ва муайян кунад. Масалан, дар асоси барномаи таълим дар синфи 5 агар дар муддати соли таҳсил 12 кори хаттӣ тавсия шуда бошад, дар китоб 36 матни диктант ва 36 матни нақли хаттӣ (ва зиёда аз он) пешниҳод мегардад.

Чӣ тавре ки медонед, диктантҳо ба ду навъи асосӣ ҷудо мешаванд:

  1. Диктанти таълимӣ (таъкидӣ, шарҳӣ, эзоҳӣ, луғавӣ, интихобӣ, эҷодӣ ва ғайра).

  2. Диктанти санҷишӣ.

Матнҳои диктанте, ки инҷо пешниҳод шудаанд, барои диктанти санҷишӣ мебошанд.

Кӯшиш кардем, ки матнҳоро ба синну сол ва дараҷаи
фаҳмиши хонандагон ва хусусияти тарбиявӣ, ахлоқӣ,
фарҳангӣ, адабӣ ва таълимӣ мувофиқ интихоб намоем. Матнҳо
асосан аз эҷоди адибони муосиру классики тоҷик ва маҷмӯаи
гуногуни иншоҳо оварда шуда, мавзӯъҳои гуногунро дар бар
мегиранд. Мазмуну мундариҷаи матнҳо ба талаботи замони
муосир ва ҷомеаи навину демократӣ созгор мебошанд. Аз

аз 275
навбатӣ