Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ҷониби дигар, интихоби дурусти матн барои диктант ва нақлҳои хаттӣ яке аз шартҳои муҳими риояи қоидаҳои таълими фанни забони модарӣ ба ҳисоб меравад.
Услуби матнҳо низ гуногун буда, барои ба хонандагон шиносонидани навъи услубҳо аҳамияти калон доранд. Дар мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва миёна хонандагон бештар ба услубҳои бадеӣ шинос мешаванд. Аз ин рӯ, аксари онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз лиҳози надонистани услуби илмӣ ва публисистӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ меоянд.
Диктантҳо ва нақлҳои хаттӣ мушаххас ва мухтасар буда, бо назардошти зинаҳои синфӣ ва барномаҳои таълимии онҳо интихоб шудаанд.
Баҳои дурусту воқеӣ ба корҳои хаттӣ хонандагонро рӯҳбаланд ва ҳавасманд мегардонад. Ҳангоми санҷиши корҳои хаттӣ қоидаҳои зеринро риоя намудани омӯзгор зарур аст:
-
Дар вақти ислоҳи хатоҳои китобатӣ аломатҳои нодаркор хат кашида, ба ҷойи онҳо аломатҳои даркорӣ гузошта мешавад.
-
Дар синфҳои 10-11 омӯзгор ба зери ғалатҳои имлоӣ хат кашида, дар хошия ишора мекунад ва натиҷагирӣ аз он ба худи хонандагон вогузошта мешавад.
-
Омӯзгор ҳини санҷиши корҳои хаттӣ дар хошия ғалатҳоро бо аломатҳои муайян нишон медиҳад.
-
Ҳангоми санҷиши корҳои хаттӣ (ва иншо) ҳама навъи хатоҳо - имлоӣ, китобатӣ ва услубиро муайян карда нишон медиҳад.
-
Дар диктанти санҷишӣ ғалатҳои имлоӣ дар сурат ва китобатӣ дар махраҷ нишон дода мешаванд.
-
Дар нақлҳои хаттӣ ва иншо миқдори ғалатҳои имлоӣ, китобатӣ ва услубиро муайян карда, баҳо мегузоранд.
-
Омӯзгор ба ҳамаи корҳои санҷидашуда баҳои воқеӣ гузошта, онро ба журнали синф мегузорад.
Баҳо тибқи дониш, малака ва маҳорати хонандагон гузошта мешавад. Омӯзгор бояд матнро возеҳу бурро хонад ва ба шогирдони сустхон алоҳида эътибор диҳад. Дар охир омӯзгор матнро такроран аз аввал то охир мехонад.
Нақли хаттӣ дар ташаккули маҳорату малакаи хонанда нақши муайян дошта, имконият медиҳад, ки ӯ фикрашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё