Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Бо рафтани Умар Ҳофиз, аслан, ман ҳам бояд мерафтам... Ҳамин хел хоҳиш доштам... Охир ҳайф аст, чунин бузургмард зери хок бошаду мани хокӣ рӯи замин зинда гардам... Вале...,- Қорӣ Носир тӯлонӣ сукут намуд, муқаддам аз он, ки идома дода бошад: -Вале... Умар Ҳофиз чандин шаб, думболи ҳам ба хобам даромаданд, гуфтанд, ки «агар ту ҳам ба пеши мо биёӣ, тақдири мақоми Исфара чӣ мешавад? Охир ҳар созу навое, ки ба ҳар кас омӯзонда будем ва барои онҳо монда будем, онҳоро Умари Дузд кушт, аз миён бурд, зери хок кард. Пас... ту... Ту-Қорӣ Носир бояд ин сӯ шитоб накунӣ, донӣ, ки рӯи замин чӣ вазифа ба дӯшат монда ва онро бояд ба иҷро расонӣ. Акнун Мирзои ману ту низ фақат ба умеди ту мондааст...»

Қорӣ Носир боз тӯлонӣ сукут карда буд.

-Ҳа, чунин гуфтанд Умар Ҳофиз, ҳар боре, ки ба хобам медаромаданд...-Қорӣ Носир аз зери бағал боз ғиҷчак бароварда ва бо дастони ларзон камонаки ларзонро болои торҳо мекашид. Навои ҳамчунин ларзон ҳосил гардида, бар атроф мерехту мерехт.

Ва ӯ бо навояш ба Умар Ҳофиз боз чиҳое гуфтан мехост ва мехост...

Мирзо бошад фикр мекард, Умар Ҳофиз ҳатто баъди шаҳид гардида, зери хок маскан гирифтанаш, ҳамчунин дар фикру андешаи Мирзо ва дар фикри ояндаи вай будааст: «Мирзои ману ту ҳам акнун фақат ба умеди ту мондаанд рӯйи замин...»

Донаҳои ашк мешорид ба рухсораи Мирзо...


Ва «аз рӯи фармудаи Умар Ҳофиз» акнун Қорӣ Носир барои Мирзо вақти бештар ҷудо мекард ва бештар бо вай машғул мегашт; Мирзо, ки аз миёни ҳама шогирдони боқимонда истеъдоди бештар ва зиракии бештар ва ҳофизаи қавитар ва истеъдоди волотар дошт ва хосатан, ки дар навозандагӣ...

пешина
аз 194
навбатӣ