Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ТЕАТРИ ДАВЛАТӢ
ва
бачагони бастаи театр

Соли 1937 театри Исфара театри давлатӣ эълон гардид, яъне барои онҳое, ки ин ҷо шуғл доштанд, аз ҳисоби давлат маблағи зиёдтар ҷудо гардид барои маош ва ташкили намоишномаҳо. Шумораи санъаткорони театр ба чил нафар расид. Ҳар санъаткор ҳамроҳи худ ягон чизи тоза оварда буд ба театр, ки намоишномаро ғанитар мегардонид ва рангу тобиши нав мебахшид. Акнун театр имкон пайдо карда буд намоишномаҳои доманадору серамал рӯи саҳна биоварад.

Агар мардуми Исфара намоишномаҳои «Калтакдорони сурх», «Дохунда», «Аршин мололон», ки театр он солҳо ба саҳна гузошта буд, ёд биоваранд, қатори иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ Мирзоро низ ном мебурданд. Албатта, дар ин намоишномаҳо Мирзо нақшҳои асосиро ба иҷро нарасонда буд. Пас чаро қатори иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ дар хотири тамошобинон мемонд?

Зеро Мирзо вобаста ба рафти воқеа ва ҳолати амалиёти саҳна ва авзои ширкатгарон навоҳои классикии тоҷикиро чунон ҳунармандона дар онҳо хӯронида ва ба онҳо банду баст намуда буд, ки онҳо ҷузъи асосии намоишномаро ташкил медоданд... Охир ин намоишномаҳои драмавӣ-мусиқавӣ буданд.

...Ҳамон солҳо театр дар бинои тахтабанд ва рӯкушода ҷой дошт ва он воқеъ буд дар лаби Ҷӯи Калон. Чун барои тамошобини зиёдшуда театр тангӣ мекард, зарурати васеъ кардани он ба миён биомад. Аммо аз се тараф ҷойи холӣ набуду аз ин боис маҷбур шуданд, даруни чуқурии ҷӯи калон сутунҳо зада, бинои театрро аз ҳамин ҷониб, яъне болои сутунҳои даруни ҷӯй васеъ кунанд. Бо вуҷуди ин дар бинои васеъгаштаи театр гунҷондани ҷамъи ҳаводорони санъат имкон надошт. Одамон

пешина
аз 194
навбатӣ