Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Ман аз молу ҳунар чизе надорам,
Яке фасли сухан дорам, биёрам...
Худойёрхон, ки кайҳо бетараф набуд, дигар тоб наоварда, эҳсоси вуҷудаш берун рехт:

  • Ту дев не! Ту Зебо! Балки Зебопарӣ!

Зеро Худойёрхон ин овозро дарёфта буд кайҳо амсоли овози малоикаҳои осмон. Ёфта буд беолоишу покиза. Ва ин овозе буд, ду сабоҳ шунида аз дуриҳо! Акнун мешунид овозро хон аз наздики наздик ва тараннумгари онро медид рӯ ба рӯи худаш.

  • Ту дев не! Ту Зебо! Балки Зебопарӣ ту!

Дар Шашмақом авҷи оҳанг ва сурударо низ Зебопарӣ биноманд. Ва мардро чунин лақаб гузоштани хон маъное дошт, ки «ту на вобаста ба он, ки чӣ симо дорӣ, авҷи сурудай, авҷи мақомӣ, марди аҷиб!»

  • Ту Зебопарӣ! Зебопарӣ ту!

Боз аз ҷиҳате чунин гуфта буд, ки то дидани соҳиби ин овоз хон тасаввур дошт, вай бешак парӣ ва ё малоик бошад...

Худойёрхон он рӯз базми хоса ороста буд барои бештар шунидани овози фасонабори ин мард. Ва рӯ ба рӯи ин мард нишаста, дарёфта буд, ки вай дар навохтан низ амсоли овозхониаш беҳамто аст ва аз ин боис боз нидое дардода буд:

  • Ту дев не, ту Зебопарӣ!

Дигарон низ акнун ба тақлиди хон ба ин мард Зебопарӣ гуфта, муроҷиат мекардагӣ шуданд.

Зебопарӣ, ки ба Ҳӯқанд барои мардикорӣ бо аробаи кӯҳнаи худ рафта буд, аз он ҷо бо либосҳои фоҳира ба Исфара баргашт ва аз рӯи фармони Худойёрхон оилаашро гирифта, аз нав озими Ҳӯқанд шуд.

Базми дилҳӯшӣ ва маҷлисҳои хосаи хони ҳукандӣ, акнун, бе ширкати Зебопарӣ намегузашт.

Лақаби Зебопарӣ бошад мутассил ҷои номи аслии ин марди тараннумгарро мегирифт. Сонитар касе намепурсид, номи аслии

пешина
аз 194
навбатӣ