Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ба хостгории духтари усто Мақсуд рафтаӣ? Охир дар гирду атроф чӣ бисёр духтарони сарвкади хушрафтор ва гулрухсор ва моҳҷамол...

  • Таги коса нимкоса ҳаст, Мирзо, - изҳор намуд бибӣ маънодор табассум намуда.

Ва ӯ чанд бор ба хонаи усто Мақсуди Дӯредгар рафта баргашту ниҳоят эълон кард:

  • Акнун тараддуди тӯйро диданамон лозим, Мирзо...

... Шаби тӯй, Мирзо бо арӯс танҳо монду бечуръат ва аз ҳаяҷоне, ки безобита мекардаш, чашмгираки арӯсро оҳиста боло бардошт ва такон бихӯрд. Охир рӯ ба рӯи вай ҳамон чашмони ахтарии шаҳло меистоданд, чашмоне, ки дар театр, ҳангоми намоиш, аз бари саргираке мепойиданд ва мепойиданд Мирзои Навозандаро.

Мирзо аз камоли фаҳми бибӣ ба ҳайрат омада буд. Охир бибӣ нигоҳи чашмони ахтарборро чӣ тур пай бурд ва чӣ хел ба маънои асосии онҳо сарфаҳм рафт ва чӣ гуна фақат аз нигоҳ маъно бардошта, ки аз дили духтарак чӣ мегузарад ва ҳамаро ун тарзе ҳалу фасл намуд, ки бояд ҳамин тур мешуд?

Зиндагии Мирзо бо соҳиби чашмони ахтарӣ, ки Рафоатбону ном дошт, амсоли сарахбори мусиқае оғоз гардид, ки аз тантанаву авҷи оянда дарак медод.
Ва ин соли 1939 буд.

пешина
аз 194
навбатӣ