Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
бармеомад, кораш зарур бошад — ба ӯ ароба лозим. Вале замзамаи Умар Ҳофиз ин ҷавони воридшуда ва наздикомадро водошт барои таваққуф кардан ва гӯш фаро додан. Ва чун корвонбошӣ ғазалро фаровард, ҷавон «монда набошед!» гуфта, ҷониби вай омад ва дудаста салому алейк намуд.
Азбаски ҷавони ношинос бо забони тоҷикӣ ҳарф мегуфт, дили Умар Ҳофиз гум зад, ки шояд аз Исфара ва ё аз ҷойҳои дигари тоҷикнишини водии Фарғона омада бошад? Аммо маълум гардид, ҷавони ношинос аз ҷои дигар неву маҳз аз худи Тошканд будааст ва мехостааст, бо ароба аз ҳавлиаш ба сари бозор боре расонад, зеро аробакаше, ки мудом ба вай хизмат мерасонда, ин сабоҳ, аз кадом боис наомада будааст...
— Худи шумо, бори маро, бо ароба мебурдед, хуб мешуд, — таъкид намуд ҷавони омада барои Умар Ҳофиз.
— Мо дар хизмати мардум, — дигар чӣ ҳам гуфта метавонист Умар Ҳофиз дар чунин маврид.
...Дар гашти бозор, ҷавон қисмати молҳои ба фурӯш нарафтаашро ҳамчунин боз ба аробаи Умар Ҳофиз бор карда, ба ҳавлиаш расондан хост, ҳарчанд аробаву аробакаши миҷозшудаи собиқаш, пайдо гардида, омада буд. Албатта, аз аробакаши собиқа қаҳрӣ наметофт ҷавон, вале мехост молашро акнун Умар Ҳофиз бо аробаи худаш бурда бошад то ҳавлии вай. Чун дар ҳавлиаш борашро аз ароба фаровард, пеш аз хайрухуш ҷавон пурсид, ки Умар Ҳофиз кай бекор мешуда бошад? Корвонбошӣ ҳарчанд, аз ин суоли ҷавон, муроди варо намефаҳмид, вале зери лаб, аз рӯи одоб, посух дод:
— Аслан бегоҳ ва ё ки шаб. Дигар вақт ташвиши боркашонӣ ҳаст бо ин ароба...
— Ба наздатон меоям! — ваъда дод ҷавон аз чӣ бошад барои вай.
Корвонбошӣ ҳанӯз намедонист, ҷавон барои кадом мақсади дигаре назди вай меомада бошад.
Вале шом нашуда, ҷавон ҳозир гардид дами дарвозаи сарой.
-Ба хонаи мо меравем,-таклиф пешниҳод намуд вай барои Умар Ҳофиз- Аз ин тарафу он тараф сӯҳбат мекунем. Баъд худам Шуморо то ин сарой гусел карда мемонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё